Бартанг
Бартанг — дарё дар минтақаи Помир (ВМКБ), шохоби рости дарёи Панҷ. Болообаш дарёи Оқсу (то дарёи Оқбайтал), миёнаобаш дар Мурғоб (то дарёи Ғудара) ном дошта, баъди ба он ҳамроҳ шудани дарёи Мурғоб номи Бартангро мегирад. Дарозии дарёҳои Бартанг – Мурғоб – Оқсу 528 км (худи дарёи Бартанг 126 км). Масоҳ. ҳавзааш 24700 км2. Шохобҳои бузургаш: Сулистиқ, Оқбайтал, Пшарти Ғарбӣ, Катта-Марҷанай, Лангар, Ғудара. Дарёи Бартанг дар водии амиқ тамоми Помирро аз Шарқ ба Ғарб бурида мегузарад. Манбааш – барфу пиряхҳо. Давраи серобиаш аз охири апрели то нимаи ноябр аст. Сарфи миёнаи оби солона дар резишгоҳ 129 м3/с зиёдтаринаш – 624 м3/с: зимистон 65–75 м3/с Дар Бартанг 2 НБО бунёд шудааст (дар Мурғоб ва Хуҷанд – деҳа дар ноҳияи Рӯшон).
Ҷараёни об | |
---|---|
Резишгоҳ | Панҷ |
• Координатаҳо | |
Мавқеъ | |
Кишвар | Тоҷикистон |
Минтақа | Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон |
Сарчашма
вироиш- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.