Аҳмадов (26 июни 1933, Хуҷанд) — ҷарроҳи саратоншинос, доктори илми тибб (1977), профессор (1977). Ходими шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (1983), Аълочии тандурустии ИҶШС (1973).

Бахтиёр Аҳмадов
Бахтиёр Аҳмадов
Таърихи таваллуд 26 июн 1933(1933-06-26) (91 сол)
Зодгоҳ Хуҷанд, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Кишвар Парчами Тоҷикистон Тоҷикистон
Фазои илмӣ тиб
Ҷойҳои кор Диспансери ҷумҳуриявии онкологӣ, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино, Маркази омосшиносии вилояти Суғд
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои тиб
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино
Ҷоизаҳо Ходими шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (1983), Аълочии тандурустии ИҶШС (1973)

Зиндагинома

вироиш

Хатмкардаи факултети муолиҷавии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино (ИДТТ) ба номи Абуалӣ ибни Сино (1956). Солҳои 1957-59 сардухтури Диспансери онкологии вилояти Ленинобод ва роҳбари хадамоти онкологии ноҳияҳои шимол ҷумҳурӣ, 1960-63 аспиранти Институти онкологии таҷрибавӣ ва клиникии АИТ ИҶШС (Маскав), 1964-65 мудири шуъбаи ҷарроҳии Диспансери ҷумҳуриявии онкологӣ, дотсенти кафедраи ҷарроҳии госпиталӣ оид ба «курси онкология»-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино, ҳамзамон саронкологи Вазорати тандурустӣ, 1965-73 роҳбари Ҷамъияти онкологҳо, муовини раис ва узви раёсати Ҷамъияти ҷумҳуриявии ҷарроҳони Тоҷикистон, 1973-93 мудири кафедраи онкологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино, 1993-95 мудири кафедраи ҷарроҳии умумӣ, 1996—2006 мудири кафедраи онкология, ташхиси шуоӣ ва шуоъшифоии ДДХ ба номи Бобоҷон Ғафуров. Сарвари Маркази омосшиносии вилояти Суғд (аз соли 2006). Муаллифи зиёда аз 300 асар, аз ҷумла 10 китоб аст, ки ба ташхис ва муолиҷаи саратони меъда, омосҳои устухон, қисми ҷоғу рӯй ва ғайра бахшида шудаанд.

  • Анатомия сосудов опухолей. Д., 1974;
  • Библиография отечественной литературы по раку желудка за 50 лет. Д., 1977;
  • Ме­тастатические опухоли. М., 1984; Метастатические опухоли костей ӯ детей. Д., 1986;
  • Редкие опухоли ӯ детей. Д., 1997;
  • Онкология. Д., 2002;
  • Злокачественные опухоли ӯ детей. Ташкент, 2002;
  • Книга о врачах и причастных к медицине. Х., 2006.

Сарчашма

вироиш