Бахтиёр Абдуллоевич Исмолилов (тав. 08.07.1987, д. Насими Кӯҳсор, н. Рӯдакӣ) — забоншинос, номзади илмҳои филология (2021).

Бахтиёр Исмоилов
Бахтиёр Абдуллоевич Исмолилов
Таърихи таваллуд 8 июл 1987(1987-07-08) (36 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Рӯдакӣ
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ филология
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои филология доктор аз рӯйи ихтисос PhD
Алма-матер Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Қ. Ҷураев

Зиндагинома вироиш

Бахтиёр Абдуллоевич Исмолилов солҳои 2008-2012 (дараҷаи бакалавр), 2012-2014 (дараҷаи магистр), 2015-2018 (доктор аз рӯйи ихтисос PhD) дар факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таҳсил намудааст. Аз соли 2014 ҳамчун ассистенти кафедраи назария ва амалияи забоншиносии факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ фаъолият дорад. Дар мавзуи “Хусусиятҳои луғавӣ ва грамматикии вожагони иқтибосии тоҷикӣ дар осори Абдулло Қаҳҳор» рисолаи илмӣ дифоъ намудааст (2021).

Осор вироиш

  • Роҳҳои иқтибосшавии калимаҳои тоҷикӣ ба забони узбекӣ. Д., 2016;
  • Пасвандҳои серистеъмоли забони тоҷикӣ дар забони узбекӣ. Д., 2020;
  • Пешвандҳои серистеъмоли забони тоҷикӣ дар забони узбекӣ. Д., 2020.

Пайвандҳо вироиш

Пайвандҳо вироиш

Энсиклопедияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ