Баҳри сафед (корел. Vienanmeri, нен. Сэрако ямʼ) — баҳри дохилии Уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ. Ягона баҳрест, ки пурра дар доираи Қутби Шимол ҷой гирифтааст.

Баҳри сафед
?
Характеристики
Длина береговой линиине менее 2000 км
Наибольшая глубина343 м
Средняя глубина67 м
Ҷойгиршавӣ
Парвандаҳо дар Викианбор

Ҷуғрофиё

вироиш

Дар байни нимҷаз-ҳои Кола ва Канин воқеъ аст. Баҳри сафедро гул. Горло бо Баҳри Баренс мепайвандад. Масоҳ. 90 ҳазор км². Умқи миёнааш 67 м, ҷойи амиқтаринаш 350 м. Халиҷҳои бузургтаринаш: Кандалакша, Мезен, Двина, Онега. Ҷаз-ҳои калонаш: Соловес, Моржовес, Мудюг. Соҳилҳои шим. ғарбиаш баланди шахдор, ҷан. шарқиаш пасти нишеб. Қаъри баҳр ноҳамвор. Иқлими баҳр хунук. Ҳарор. об зимистон −1°С, тобистон аз 6°С (дар баъзе манотиқ) то 15°С мешавад. Шӯриаш аз 24 то 30 дарсад. Дар як сол 6-7 моҳ (аз окт.-ноябр то май-июн) ях мебандад. Дар фасли тобистон яхи баҳр тамоман об мешавад. Мадди баҳр мураттаби нимшабонарӯзӣ аст. Дар халиҷи Мезен баландии сатҳи об то 7 м, дар Кандалакша то 3 м мерасад. Дар баҳр 50 навъи моҳӣ мавҷуд буда, аз онҳо равғанмоҳӣ, шӯрмоҳӣ, симмоҳӣ, камбала, сёмга ва тюлен шикорбоб аст. Бандарҳои Б. С.: Архангелск, Онега, Беломорск, Кандалакша, Мезен ва Умба.

Адабиёт

вироиш

Пайвандҳо

вироиш