Баҳри тоҷик (собиқ обанбори Қайроққум) — дар Сирдарё, вилояти Суғд ҷойгир аст.

Баҳри тоҷик ва НБО – Қайроққум

Ҳаҷми Баҳри тоҷик:

  • дарозиаш қариб 65 км;
  • васеъгиаш аз 50 то 20 км (таъғирёбанда);
  • масоҳати сатҳи оби обанбор – 513 км;
  • ҳаҷми умумӣ – 3413,5 м3;
  • ҳаҷми фоиданоки он- 2743 м3;
  • сатҳи аз ҳама зиёди оби он – 374, 5 м.

Баҳри тоҷик бо шабакаҳои НБО – Қайроққум: бо се ХИБ – и 220 кВт ва панҷ ХИБ – и 110 кВт пайваст аст.

Собиқ "Обанбори Қайроққум" солҳои 50 - ӯми асри XX бунёд ёфта барои захираву обёрии заминҳои водии Фарғона низ истифода бурда мешавад. Обанбори Қайроққум, минбаъд бо номигузории "Баҳри тоҷик" маъмул шудааст.

Баъди бунёд кардани обанбори Қайроққум, аз охири солҳои 60-ум сар карда, шаҳри Қайроққум бо истеҳсоли моҳӣ ва моҳипарварӣ шуҳратманд гардида буд. Имрӯзҳо кормандони ҷамъияти саҳҳомии шакли кушоди «Суғдмоҳӣ» дар давоми сол шикори моҳиро қариб то 110 тонна расондаанд. Зиёда аз 2 миллион моҳичаҳо дар обанборҳои махсус парвариш карда мешаванд. Дар обанбор моҳиҳои гуногун парвариш карда мешавад.

Осоишгоҳҳои Баҳри тоҷик вироиш

Дар соҳили Баҳри тоҷик якчанд осоишгоҳҳои фароғативу беҳдоштӣ барои истироҳати мардум ба монанди «Баҳористон», «Соҳил», «Конибодом» ва диг. сохта шудаанд ва фаъолият мекунанд. Онҳо ба ҷойи дӯстдоштаи саёҳату истироҳати сокинони Тоҷикистон ва инчунин сокинони кишварҳои хориҷӣ табдил ёфтаанд.

Нигаред вироиш

Пайвандҳо вироиш

Нигаред вироиш

Манобеъ вироиш