Баҳром Шермуҳаммадов
Баҳром Шермуҳаммадов (10 декабри соли 1934, гуз. Оби Машҳади шаҳри Самарқанд — 22.06.1998, Душанбе) — адабиётшинос - фолклоршинос, доктори илми филология (1988), профессор (1993), “Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон”, Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (аз соли 1994).
Баҳром Шермуҳаммадов | |
Таърихи таваллуд | 10 декабр 1934 |
Зодгоҳ | шаҳри Самарқанд |
Таърихи даргузашт | 22 июни соли 1998 |
Маҳалли даргузашт | шаҳри Душанбе |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | ИЗА ба номи Рӯдакии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон |
Ҷойҳои кор | Академияи илмҳои Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илми филология |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин |
Маъруф ба |
|
Ҷоизаҳо | медалҳои “Барои кори шоён", "Ба муносибати 100-солагии рӯзӣ таваллуди В.И. Ленин”, нишони “Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон” |
Зиндагинома
вироишПас аз хатми мактаб дар Омӯзишгоҳи тоҷикии омӯзгории Самарқанд (1948-1952), дар факултети таъриху филолигияи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин таҳсил кардааст (1952-1957). Аз соли 1957 - корманди ИЗА ба номи Рӯдакии АИ Тоҷикистон. Муҳаққиқи эҷодиёти шифоҳии халқ.
Осор
вироишАз солҳои 50-ум мақолаву гузоришоташ дар матбуот чоп шудаанд. Муаллифи 200 асару мақолаи илмӣ ва тақризи адабӣ, аз ҷумла:
- “Назми халқии бачагонаи тоҷик” (1973),
- “Усули гирдоварии адабиёти шифоҳии мардуми Афғонистон” (1988),
мураттиби китобҳои:
- “Расво шуданд” (1964),
- “Афсонаҳои Самарқанд” (1965),
- “Таронаҳои Самарқанд” (1966),
- “Фолклори Бухоро” (бо ҳамқаламии Д. Обидов ва Ҷ. Раббиев, 1989).
таҳиягари маҷмӯаҳои қиссаву таронаҳои мардумии:
- “Фикр кунӣ, меёбӣ” (1962),
- “Дарвоза нигин дорад” (1964),
- “Ҳафтдодарон” (1964),
- “Гунҷишки мӯзасурхак” (1964),
- “Лелак, лелаки боқӣ” (1972),
- “Сандуқчаи зулбиё” (1978),
- “Восеънома” (1985),
- “Себи сари пул” (1987),
- “Қиссаҳо аз рӯзгори Фирдавсӣ” (1994),
- “Ҳафт аллома” (1994),
- “Қиссаҳо пиромуни Фирдавсӣ”
- “Қиссаҳои Шоҳнома” (1995).
Таҳиягари маҷмӯаҳои:
- “Тазкираи адабиёти бачагон” (1982, бо ҳамроҳии Раҷаб Амонов,ҷилди чорум)
- “Гӯрӯғлӣ”,
- “Ҷамбули Мастон” (бо ҳамқаломии И.С.Брагинский ва Ҳабибулло Назаров, 1987),
- “Куллиёти фолклори тоҷик” (иборат аз се ҷилд),
- “Куллиёти рубоиёт” (иборат аз чор ҷилд),
- “Куллиёти сурудҳои ғайримаросимӣ” (иборат аз ду ҷилд),
- “Куллиёти суруду таронаҳои арӯсӣ, мавсимӣ ва бачагона” (1996, ба форсӣ),
- “Пироҳани сухан дар қиссаҳои куҳан” ( бо ҳамкаламии Д. Обидов, 1998).
Таҳиягари:
- “Тазкираи адабиёти бачагон” (1982, бо ҳамроҳии Раҷаб Амонов,ҷилди чорум)
Бисёр мақолаву таҳқиқоташ дар ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ, дар Афғонистон ва Эрон чоп шудаанд.
Ҷоизаҳо
вироиш- Бо медалҳои “Барои меҳнати шоён". "Ба муносибати 100-солагии рӯзӣ таваллуди В.И. Ленин”,
- Ифтихорномаи Фахрии Шуъбаи Тоҷикистонии Фонди советии сулҳ,
Манобеъ
вироиш- Аслҳо ва наслҳо. – Душанбе, 2013, - с. 160.