Муҳтарам корбар Ҳусайнов барои эҷоди мақола раҳмат, аммо бе Манбаъ ё Сарчашма, эҷод накунед. Бо эҳтиром -- Ҷалолиддин (talk) 01:12، 17 Октябр 2016 (UTC)

Translation вироиш

Hello, could you translate Автоматическое обновление into тоҷикӣ? Thanks! :) -XQV- (talk) 19:47، 18 Октябр 2016 (UTC)

Шаблонҳои нопурра, мақолоти бесарчашма ва бо дигар википедияҳо пайванднабуда вироиш

Ҳусайнови гиромӣ! Ташаккур барои саҳмгузориатон дар Википедияи тоҷик. Аммо лутфан, шаблонҳои нопурра насозед, ҳамчунин манбаъро дар мақолаҳоятон зикр кунед ва мақоларо бо дигар забонҳо пайванд созед. Бо эҳтиром --Дӯстмурод Саид (talk) 12:55، 19 Октябр 2016 (UTC)

Огоҳӣ нисбати риояи талаботи Википедиа вироиш

Ҳусайнови гиромӣ! Якчанд мақолаҳоятон бинобар сабт нашудани сарчашмаи боэътимод: Сантиметр, Миша ва Маша ва диг. аз ҷониби ман пок (ҳазф) гардиданд. Минбаъд, чунин мақолаҳои кӯтоҳу бе манбаи сабтшуда ҳазф мешаванд. Огоҳӣ - ба талаботи ВП риоя кунед. Барои вироиши мақола ба саҳифаи Википедиа:Чӣ тавр мақола бояд сохт ба дастури Википедиа:Вироиши мақолаҳо‎ нигоҳ кунед, омӯзед ва мувофиқи он амал кунед.

«Маслиҳатҳо»:

  1. Барои мақоларо бо дигар забонҳо пайванд намудан, ба қисми чапи ВП нигаред ва edit link - ро клик кунед. Дар хати якум русский нависед, сипас дар хати дуюм номи мақолаи тарҷумашударо (аз ВП русӣ нигариста) ба русӣ нависед. Мақолаатон бо диг. забонҳо пайванд мешавад ва сарчашмаи боэътимод дониста мешавад.
  2. Ба сифати тарҷума бодиққат бошед, то ин ки азнав таҳрир наёбад, бештар аз луғути русӣ-тоҷикӣ истифода баред. Бо эҳтиром ----Шухрат Саъдиев (talk) 17:56، 23 Октябр 2016 (UTC)

Огоҳӣ 2 вироиш

Лутфан, Ҳусайнови гиромӣ! Барои Википедияи тоҷик миқдор аҳамият надорад, балки талабот ба сифати мақолот дар мадди назар мебошад. Бино бар ин аз эҷоди мақолаҳои кутоҳ ва нопурра даст кашеду дар навбати аввал ҳамон мақолаҳои пештарсохтаатонро дар асоси сарчашмаҳои муътабар мукаммал созед! Бо эҳтиром --Дӯстмурод Саид (talk) 16:39، 25 Октябр 2016 (UTC)

Огоҳӣ 3 вироиш

Ҳусайнови азиз! Илтимоооооос! Аз сохтани шаблонҳои нокомил ва нимтарҷумашуда даст кашед, ҳоло Шумо дастикам дар аввал 40-50 мақола эҷод кунед, сипас ин корҳоро шурӯъ кунед. Дар акси ҳол ҳамаи шаблонҳову мақолоти нокомилатон аз ҷониби Мудирон ҳазф хоҳад шуд. Бо эҳтиром --Дӯстмурод Саид (talk) 13:03، 27 Октябр 2016 (UTC)

Огоҳии охир ва қатъи ҳисоби корбарӣ ба муҳлати зиёд! вироиш

Корбар:Ҳусаинов! Ҳисоби Шумо барои риоя нашудани талаботи википедиа ва ҳамчунин аҳамият надодан ба огоҳиҳои мудирон ба муҳлати як ҳафта баста мешавад. Дар ҳоли дубора риоя нашудани талабот ҳисоби шуморо ба муҳлати зиёдтар баста хоҳем кард!!! --Дӯстмурод Саид (talk) 05:43، 12 Декабри 2016 (UTC)

Сӯистифода аз ҳисоби корбарии гуногун вироиш

Барои сӯистифода аз ҳисоби корбарии гуногун (Unrelated лӯхтакҳо - корбар:Ҳусаинов, корбар:ToJack, корбар:Tomophone, корбар:Исми хос, корбар:Tgwiktbot, корбар:Абдулло-Довуд) ниг. [инҷо]. Ҳисоби корбариатон баста мешавад.--Шухрат Саъдиев (talk) 03:08، 6 Март 2017 (UTC)