Риоят накардани қавонини викинависӣ!

вироиш

Дуруд! Лутфан, мақолаҳоатонро бар пояи қоидаҳои пазируфташудаи Википедия эҷоду вироиш кунед. Ҳамту як тарҷумаи нодурусту пур аз ҳалат ва бидуни манбаъу сарчашмаву шаблон сохта напартоед! Ман чанде аз мақолот "ХОМ"-и шуморо ислоҳ кардам, то ки шумо бубинеду аз ин ба баъд худатон дар ҳамон шакл мақолаҳоро вироиш кунед. Аммо то ҳол ба "ҳаромкорӣ" идома дода истодаед. Аз ҳамин ҳол ба баъд дар ҳоли риоя накардан ба қавоид бидуни пурсиш ҳамаи мақолоти шумо ҳазф хоҳад шуд. Дӯстмурод Саид (баҳс) 05:10, 14 Январ 2024 (UTC)Reply

Ташаккур, бошад, аммо баъзан корҳои вобаста ба шаблонро ман сохта наметавонам аз ҳамин сабаб бароям мушкили пеш меояд, ки баъдан бархе аз онҳо дигар хом мемонанд. Дар бобати ҳаромкорӣ низ сабаби ҳардуяш якест яъне ки дар боло зикр кардам. Бале, кӯшиш ба харҷ хоҳам дод то ки дигар ба иштибоҳ роҳ надиҳам ва мақолаҳои ман ҳазф нахоҳад шуд ин шо Аллоҳ! IslamicRPofTaj (баҳс) 05:33, 14 Январ 2024 (UTC)Reply
Ба ҷӯз шаблон ҳам камбудҳои зиёди дигаре ҳам доред. Лутфан дар аввал як мақоларо комилу дуруст куне, баъдан ба дигар мақола машғул шавед. Дӯстмурод Саид (баҳс) 12:29, 14 Январ 2024 (UTC)Reply
Бошад, муаммо нест! IslamicRPofTaj (баҳс) 13:10, 14 Январ 2024 (UTC)Reply
Салом Дӯстмурод Саид аз шумо дархосте дорам агар инро хондед лутфан ҷавоб медодед, ташаккур!
Бо эҳтиром,
IslamicRPofTaj
IslamicRPofTaj (баҳс) 15:46, 5 июни 2024 (UTC)Reply
Салом. Чи мехостед? Дӯстмурод Саид (баҳс) 16:37, 5 июни 2024 (UTC)Reply
Лутфан мақолаи Муҳаммадиқболи Садриддинро комилан ҳазф кунед аз википедияи рӯсӣ, ташаккур! IslamicRPofTaj (баҳс) 16:38, 5 июни 2024 (UTC)Reply
Сабаб дар чист? Худатон сохтеду боз мегӯед комилан ҳазфаш кунед? Ман дар Википедияи Русӣ чунин дастрасӣ ҳам надорам ва ҳаққи бидуни далел ҳазф кардани мақоларо низ надорам. Дӯстмурод Саид (баҳс) 16:49, 5 июни 2024 (UTC)Reply
Чун иштибоҳ аст сохтани чунин мақола, чун ин ба мисоли таблиғ мешавад, ин шахс на сиёсатмадор асту на ягон коре анҷом додааст ки тибқи қавонини википедианависӣ дуруст ояд, аз ҳамин сабаб хоҳиши ҳафзи комилани онро хостам, ташаккур! IslamicRPofTaj (баҳс) 23:52, 5 июни 2024 (UTC)Reply
Пас чаро аз аввал ба ин фикр набудед? Ман мегуфтам, ки ҳамин шахс сиёсатмадор нест, аммо шумо ба вироишотатон идома медодед? Дӯстмурод Саид (баҳс) 03:30, 6 июни 2024 (UTC)Reply
Дар куҷо ман инро ҳамчун сиёсатмадор қайд кардам? IslamicRPofTaj (баҳс) 03:53, 6 июни 2024 (UTC)Reply
Бале шумо дуруст қайд ки ин шахс сиёсатмадор нест аммо дар куҷо ман инро ҳамчун сиёсатмадор қайд кардам? IslamicRPofTaj (баҳс) 03:55, 6 июни 2024 (UTC)Reply
Ҳамин мақолаҳоро шумо вироиш кардаед нам ман. Дӯстмурод Саид (баҳс) 04:03, 6 июни 2024 (UTC)Reply
Мутаасифона, вале ин иштибоҳи ман буд ва ман узр мехоҳам… IslamicRPofTaj (баҳс) 00:02, 7 июни 2024 (UTC)Reply
Салом, хоҳиш мақолаашро пок созед аз википедиаи тоҷикӣ!!! IslamicRPofTaj (баҳс) 01:33, 11 июни 2024 (UTC)Reply
Салом, Дӯстмурод Саид, хостори кӯмак ҳастам, ва дар бобати викинависӣ хостам кӯмак пурсам, дақиқтар барои шаблонҳо хостори кӯмак ҳастам. Бароям сохтани мақола бидуни шаблонҳои дуруст, мушкил аст, ва албатта чанд бор кӯшиш кардам, шаблон гузорам, аммо дуруст натавонистам, анҷом дода, агар тавонед бароям кӯмак шавед, ташаккур! IslamicRPofTaj (баҳс) 02:03, 27 июни 2024 (UTC)Reply