Баҳс:Абдумаҷид Сафоев

Мӯҳтарам Ravshanfikr.tj ё Абдумаҷид Сафоев, мақолаатонро мутолиа намудам. Хеле хуб, умедворам дар оянда музмуну боэътимодии чунин мақолаҳо боз ҳам беҳтар хоҳад шуд.

Ман якчанд норасоиҳои мақолаатонро нишон доданиам, то инки муаллиф онҳоро минбаъд ба назар бигирад ва ислоҳ намояд:

  1. Мақолаҳо дар бораи афрод бояд ҳатман дар доираи қоидаҳои Википедия навишта шаванд: нигаред ва омӯзед →Википедиа:Саршиносӣ (афрод);
  1. Услуби рекламавӣ ё худпазироӣ надошта бошанд, яъне аз дидгоҳи бетараф ироа (вироиш) шаванд: нигаред ва омӯзед → Википедиа:Дидгоҳи бетараф;
  2. Ҳар як мақола дар асоси сарчашмаҳои боэътимод навишта шаванд: нигаред ва омӯзед → Википедиа:Сарчашмаҳои муътабар.

Аз ҳамин нуқтаи назар ба қисматҳои == Зиндагинома == ва == Фаъолияти илмӣ == назар кунед ва онро дар асоси мақолаҳои дар бораи олимон ироагардидаи Википедия таҳрир намоед.

Бо эҳтиром --Шухрат Саъдиев (talk) 14:12، 27 марти 2018 (UTC)

Start a discussion about Абдумаҷид Сафоев

Start a discussion
Return to "Абдумаҷид Сафоев" page.