Баҳс:Шавкат Мирзиёев
Ӯзбек ё узбек ва Ӯзбекистон ё Узбекистон
вироишЛутфан муаллими гиромӣ, вожаи ӯзбеку Ӯзбекистонро гузоред, биистад, чун ин ҳеҷ тобиши манфӣ надошта, балки шакли дурусташ дар забони форсӣ-тоҷикӣ ҳамингуна ҳаст. Бо эҳтиром --Дӯстмурод Саид (talk) 15:42، 3 Ноябр 2016 (UTC)
Ба истилоҳи расмии давлатӣ нигаред
вироишДар сомонаи prezident.tj/node/12291 Сафарҳои хориҷӣ, истилоҳи Ӯзбекистон оварда шудааст, ба ин сарчашмаи давлатӣ риоя карда донишномаро навиштан лозим аст. Ё дар ЭМТ дигар хел менависанд? --Шухрат Саъдиев (talk) 17:30، 3 Ноябр 2016 (UTC)
- Вожаи ӯзбеку Узбекистон то кунун дар бисёр ҳолатҳо ғалат дар расонаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ истифода мешавад, аммо ҳам дар сомонаи расмии Перзидент ва ҳам сомонаи АМИТ Ховар метавон ин вожаро дар шаклҳои Ӯзбекистон, Ӯзбекистон, Узбекистон, Ӯзбекистон вохурдан мумкин аст. Бояд зикр намуд, ки дар тамоми сарчашмаҳои пешин дар шакли "ӯзбек" омадааст ва тарзи навишти форсии он ҳам (ازبک) аст. Дар ҳеҷ манбаъе "узбек" наёмадаст. "Ӯзбек" ҳамвазн ба Атобак аст, ки чуноне аз таърих медонем, дар замони Саъдӣ Атобакон дар вилояти Форс империяи бузурге доштанд, ки то дуриҳои Ҳинд доман паҳн карда буд. Атобак (на Атобек) ба маънои "пандомӯзи кӯдакон" (ниг. "Ғиёс-ул-луғот") аст. Ва гузашта аз ин дар Афғонистон, Эрон, Покистон, Ҳинд, тамоми мамолики Араб бар мабнои сарчашмаҳои хаттӣ ҳама "ӯзбек" навиштаанд. Ва низ вожаи "ӯзбек" ҳич тобиши манфӣ ва ё дағалу таҳқире надорад. Зимнан дар Афғонистон ҳатто имрӯз ҳам намояндагони ин қавм худро "ӯзбек" меноманд. Манзур аз ин нигоштаҳо ҳамин аст, ки мо бояд ин хаторо дар инҷо, ки як донишномаи озод ҳаст ислоҳ намуда бошем. Бо эҳтиром --Дӯстмурод Саид (talk) 03:40، 4 Ноябр 2016 (UTC)
- Нисбати минбаъд вожаи ӯзбек ё "узбек" навиштан дар мавзуи таъриху адабиёт баҳс намеравад, ман ҳам дар ҳамин ақидаам, ки (ин ВОЖАи форсӣ-тоҷикӣ ҳеҷ тобиши манфӣ ва ё дағалу таҳқире нисбати ҳамсояҳои давлати мо надорад). 1. Гап дар бораи истилоҳоти расмии сиёсати байналхалқии Тоҷикистон нисбати гузоришу навиштаҷоти дохиливу байнидавлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон меравад. Дар сарредаксияи ЭМТ онро ба тарзи истилоҳоти қабулшудаи расмии давлатӣ менависанд (ва ба муҳаррирҳои ЭМТ истилоҳоти таърихан дурусти зикршударо барои истифода манъ мекунанд, чунки ин сиёсати имрӯзаи байнидавлатӣ аст). Бинобар мубоҳисаамон дар атрофи вожаи зикргардида чанд далели боэътимоде, ки набиёред натиҷааш амалӣ намегардад. 2. Дар маъхазҳои таърихӣ чанд намуд талафузи туркии вожаи - тоҷик (ниг. "Тоҷикон"и Б. Ғафуров ва диг.) ва дертар узбекзабонон оварда шудааст, агар имрӯз Ӯзбекистон онҳоро ба асос гирифта истилоҳоти тоҷиику Тоҷикистонро ғалат нависанд ба мо таҳқир менамояд. 3. Аллакай чанд сол аст, ки дар википедия аҳолии таҳҷоиро мо бо вожаи ӯзбекон навиштаем ва аз он бояд даст накашида ислоҳ накунем. 4. Сомонаи расмии Перзидент ва ҳам сомонаи АМИТ Ховар, ба ғайр аз сомонаҳои форсизабони хориҷӣ (Озодӣ, ББС ва диг.) ва тоҷикистонӣ, асосан вожаи Ӯзбекистон ва ӯзбекро истифода мебаранд. Хулоса, мақолаҳои ислоҳшударо вогардонӣ кардан даркор аст, Бо эҳтиром--Шухрат Саъдиев (talk) 05:53، 5 Ноябр 2016 (UTC)
Ба иқтибоси охирон нигаред
вироишИлова ба баҳс. Ба иқтибоси охирон нигаред дар сарлавҳа - Сӯҳбати телефонӣ бо Иҷрокунандаи вазифаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев [1] вожаи Ӯзбекистон оварда шудааст ва он бо вожаи овардаатон мувофиқат намекунад. Бо эҳтиром--Шухрат Саъдиев (talk) 08:04، 7 Ноябр 2016 (UTC)
Ҳифозати пурра
вироишБа мудирон. Сабаби ҳифозати пурраи ин мақола ва мақолаи И. Каримов, дар чист? Аз пушти ин ду мақола чандин шаблонҳоро, ки дар инҳо истифода мешаванд вироишу ислоҳ карда намешавад. Ҳадди ақал ҳифозати нимаро мемондед. --Tokyo Akademia (баҳс) 10:46, 22 январи 2021 (UTC)