Бегиҷон Пулодович Амонов (тав. 8.12.1967, ноҳияи Рашт), биолог, номзади илмҳои биология (2006).

Бегиҷон Амонов
Бегиҷон Пулодович Амонов
Таърихи таваллуд 8 декабр 1967(1967-12-08) (56 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Рашт, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ биология
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои биология
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко

Зиндагинома

вироиш

Солҳои 1985–1987 дар сафҳои Артиши Шӯравӣ хидмат кардааст. Солҳои 1988–1994 дар Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко таҳсил намудааст. Солҳои 1994–1998 директори мактаби миёнаи рақами №5 ноҳияи Рашт, 1999–2002 аспиранти кафедраи химияи биологӣ, 2000–2003 ассистенти кафедраи химияи биологӣ, 2003–2006 ассисенти кафедраи технология ва экологияи химиявии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев буд. Аз соли 2006 инҷониб муаллими калони кафедраи технология ва экологияи химиявии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мебошад. Муаллифи 10 мақолаи илмӣ ва воситаҳои таълимию методӣ аст. Оид ба баҳодиҳии биохимиявии навъҳои гандум вобаста ба иқлими гуногуни Тоҷикистон кори илмӣ бурдааст.

Белок зерна пшеницы, возделываемой в условиях Таджикистана, Д., 2010;

  • Ферментҳо ва витаминҳо (Дастури методӣ), Д., 2010;
  • Влияние экологических факторов на уровень переваримости муки зерна различных сортов пшеницы ферментами пишеварительного тракта животных // Материалы второй Центрально-Азиатской конференции по зерновым культурам, г.Чолпон-Ата, Иссык-кул.2006;
  • Биохимическая оценка качества зерна некоторых сортов пшеницы вырашенных в разных агроклиматических зонах Таджикистана // Известия АН.РТ, Отд. биол. и мед. наук, № 1 (154), 2006; Белок зерна пшеницы возделываемой в условиях Таджикистана // Дар маводҳои конференсияи ҷумҳуриявии «Тадқиқотҳои навини назариявӣ ва амалии химиявӣ дар мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Д., 2010.

Пайвандҳо

вироиш