Бедона
Бедона, вартиш, варшик, карак, салво, вушм (Coturnix coturnix (Linnaeus, 1758); номи илмии куҳнашуда — лот. Coturnix dactylisonans s. communis[1]), — як навъ парандаи хушхон аз оилаи тазарвиҳо.
Бедона | ||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
| ||||||||||
Табақабандии илмӣ | ||||||||||
ХАТО: шаблони орояшинохтӣ нест, который должен описывать систематическое положение таксона Coturnix.
|
||||||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||||
Coturnix coturnix (Linnaeus, 1758) | ||||||||||
Зернамуд | ||||||||||
Шомили 8 зернамуд |
||||||||||
Вазъияти ҳифз | ||||||||||
|
Намуди зоҳирӣ
вироишДарозии танаш 16-20 см, вазнаш 100—145 г. Парҳои пушташ қаҳваранг буда, рахҳои сиёҳу сафед дорад. Парҳои синааш қаҳваранги зардтоб; парҳои синаи мошак рангоранг. Нӯл ва пояш ҷигариранги гулобитоб.
Густариш
вироишДар Тоҷикистон бедона парандаи мавсимӣ аст. Дар соҳили дарёҳои Зарафшон, Исфара, Кофарниҳон, Панҷ, пуштакӯҳҳои Тоҷикистони Марказӣ ва Ҷанубӣ (то баландии 3000 м) нимаи апрел пайдо шуда, охири Август парида меравад. Зимистонро дар Африқо ва қисми ҷанубу ғарбии Осиё мегузаронад.
Зиёдшавӣ
вироишБедона дар замин лона сохта, 9-20 дона тухм мегузорад. Тухмро мошак мехобонад. Баъди 16-17 рӯз аз тухм чӯҷа мебарояд.
Тарзи зиндагӣ
вироишҒизои бедона асосан рустанӣ (тухм, муғҷа, навда), баъзан ҳашарот аст.
Нуриҳои минералӣ ва пеститсидҳое, ки ба кишт мепошанд, бедонаро заҳролуд ва саршумори онро кам мекунад.
Одамон ва бедонаҳо
вироишДар Осиёи Марказӣ бедонаро чун парандаи хушхон, инчунин ба мақсади бедонаҷанг дар қафас нигоҳ медоранд.
Парвариш
вироишДар баъзе мамлакатҳо онро барои гӯшташ ва тухмаш парвариш мекунанд. Дар Ҷопон парвариши бедона солҳои 30 садаи XX ба роҳ монда шудааст. Дар он ҷо хоҷагиҳои калони бедонапарварӣ мавҷуданд, ки соле то 700—800 ҳазор бедонаи гӯштӣ ва даҳҳо млн тухм мегиранд. Мошаки бедонаи ҷопонӣ дар 35 — 40-рӯзагӣ ба тухм даромада, соле 250—300 дона тухм медиҳад.
Тухми бедона
вироишТухми бедона хеле серғизо буда, барои табобати холетсистити музмин, зиқи нафас, бемориҳои дил, асаб ва ғ. истифода мегардад. Истеъмоли тухми бедона боиси аллергия намешавад. Тухми бедона хунро тоза карда, фишори онро мефарорад, миқдори гемоглобинро зиёд ва моддаҳои радиоактивро аз организм хориҷ менамояд. Истеъмоли он хусусан барои ашхосе, ки сактаи дилро аз сар гузарондаанд, муфид аст. Олимон исбот кардаанд, ки тухми бедона рушду инкишофи ҷисмонӣ ва рӯҳии кӯдаконро тезонда, ҳофизаро қавӣ, биноиро равшан ва асабҳоро устувор мегардонад. Аз ин рӯ, талабагони ҷопонӣ пеш аз дарсҳо рӯзе ду дона тухми бедона истеъмол мекунанд. Табибони мардумӣ бо тухми бедона бемориҳои ҷигар, гурда, меъда, ғадуди сипаршакл, камхунӣ, диабети қанд, сил, заъфи асабҳоро муолиҷа менамоянд. Тухми бедона санги гурда, ҷигар ва талхадонро майда карда мерезонад, қувваи боҳро меафзояд, барои рафъи аденомаи простата нофеъ аст.
Тухми бедона нисбат ба тухми мурғ бартарӣ дорад, зеро дар таркиби он витамину микроэлементҳо бисёр мебошанд.
Бедонапарварӣ дар Тоҷикистон
вироишПарвариши бедона дар Тоҷикистон солҳои 70 садаи 20 оғоз ёфт. Феълан дар хоҷагиҳои парандапарварӣ ва фермерии ҷумҳурӣ зиёда аз 50 ҳазор сар бедона парвариш меёбад (2011). Мутахассисон муқаррар кардаанд, ки дар Тоҷикистон барои истеҳсоли гӯшт и зоти фиръавнӣ, тухму гӯшт бедонаи зоти эстонӣ ва англисии сиёҳ, барои тухм бедонаи зоти ҷопонӣ мувофиқ аст. Бедонаро дар қафас 30-50-сарӣ нигоҳубин мекунанд. Барои гирифтани насл мошакро бо бедонаи нарина (ду мошаку як нарина) нигоҳ медоранд. Ба бедона омехтаи ҷуворӣ, гандум, орди устухону гӯшт ва моҳӣ, кунҷораи лӯбиёи чинӣ, ғизоҳои маъданӣ (оҳаксанги бӯр) медиҳанд.
Таснифот
вироишБедонаҳо ба ҳашт зернамуд ҷудо мешаванд:
- C. c. africana
- C. c. confisa
- C. c. conturbans
- C. c. coturnix
- C. c. erlangeri
- C. c. inopinata
- C. c. parisii
- C. c. ragonierii
Эзоҳ
вироиш- ↑ Бианки В. Л. (с дополнением Безобразова С. В.). Перепел, Перепелка // Энциклопедический словарь Брокгауза и Ефрона : в 86 т. (82 т. и 4 доп.). — СПб., 1890—1907.
Адабиёт
вироиш- Бедона / Д. Комилзода // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.