Бекории даврӣ

Бекории даврӣ (англ. Cyclical unemployment) — бекорие, ки дар натиҷаи пастшавии сатҳи истеҳсолот ба вуҷуд омадааст

Вақте ки талаботи умум ба ин ё он намуди мол паст мефарояд он бечунучаро ба маҳдуд гардидани истеҳсоли ҳамон намуди мол ва ба маҳдуд гардидани ҷои корӣ оварда мерасонад. Ин намуди бекорӣ аз нигоҳи назарияи муосири тиҷорат ҳолати номатлуб муаррифӣ мешавад. Иқтисодиёти дар сатҳи боло қарордоштаи низоми истеҳсолӣ нишондиҳандаи бекории даврагӣ бояд ба сифр баробар бошад, яъне ин намуди бекорӣ набояд вуҷуд дошта бошад, аммо дар воқеият ин тавр нест.

Оқибатҳои иҷтимоии бекорӣ, қабл аз ҳама ҷузъиёти аз ҳама муҳими тарзи зиндагии солими инсон, яъне боварӣ ба меҳнати мунтазам ва ҳаққи сазовор ба меҳнатро (ҳеҷ набошад на ҳамеша ихтиёрӣ ва на ҳамеша ҳақмузди сазоворро) аз байн мебарад. Омили бекорӣ аввал аз ҳама ба арзишҳо ва рафтори ахлоқии инсон фишор меоварад. Инсон дар ин ҳолат ба тақдири каси дигар ё бетараф ва ё бо ноҷӯрӣ ва ё бо ҳиссиёти манфӣ муносибат пайдо мекунад. Ҳатто инсон худро чи дар оила ва чи дар ҷомеа таҳқиршуда, ҳуқуқҳои инсонии худро поймолшуда ҳис мекунад. Бекорӣ маъмулан ба бефаъолиятии инсон мебарад ва бо ҳамин роҳ оқибати бекорӣ метавонад ба барҳам хӯрдани фитрати инсонӣ оварда расонад. Бекорӣ, қабл аз ҳама боиси ташаддуди иҷтимоӣ (социальный стресс) гашта, инсонро ба бемориву ноҷӯриҳои равонӣ ва ҷисмонӣ оварда мерасонд.

Нигаред низВироиш

АдабиётВироиш

  • Баркер Р. Словарь социальной работы. — М.: Институт социальной работы, 1994;
  • Гонтмахер Е. Ш. Социальная политика: уроки 90-х. — М., 2000;
  • Рынок труда: Учебник (Под редакцией В. С. Буланова и Н. А. Волгина); Экономика труда и социальные отношения. Курс ключевых лекций. — М., 1998;
  • Котляр А. Э. Занятость населения: изучение и регулирование. — М., 1983;
  • Энциклопедия социальной работы. В 3 т., Т. 1.: Пер. с английского. — М., 1993.

СарчашмаВироиш