Бемориҳои санги гурда
Бемориҳои санги гурда (уролитиаз) — бемориҳое ки бо пайдо шудани санг дар гурда ва роҳҳои пешоб вобаста аст.
МКБ-10 | N20.0-N22.0 |
---|---|
МКБ-9 | 592 |
DiseasesDB | 11346 |
eMedicine | ped/2371 |
MeSH | D052878 |
Бемориҳои санги гурда ва роҳҳои пешобгузар
вироишБемориҳои санги гурда ва роҳҳои пешобгузар — яъне пайдошавии санг дар гурда ва дигар қисматҳои роҳҳои пешобгузар дар натиҷаи вайроншавии мубодилаи моддаҳо ба миён меояд. Ин беморӣ бештар ҳангоми омилҳои дар боло зикршуда (вайроншавии мубодилаи моддаҳо дар бадани инсон) авҷ мекунад. Сангҳо новобаста ба синну сол ва шахсият метавонанд дар дилхоҳ қисмати гурда ва роҳҳои пешоб пайдо шаванд. Аз нигоҳи кимиёвӣ фарқияти сангҳоро ба — уратҳо, фосфат, оксалат ва дигар сангҳо : систин, ксантинӣ, холестеринӣ ва прутинӣ ҷудо кардан мумкин аст.
Сабабҳои пайдоиши бемориҳои санги гурда ва роҳҳои пешобгузар
вироишСабаби асосӣ ин вайроншавии мубодилаи моддаҳо дар организми инсон, хусусан мубодилаи обу намак ва таркиби химиявии хун маҳсуб меёбад. Ба ғайр аз ин пайдоиши санг дар узвҳои пешоббарор метавонанд аз чунин омилҳо вобаста бошад:
- Ирсият;
- Бемориҳои бардавоми узвҳои ҳозима-(гастрит) ва захми меъда;
- Вайроншавии кори ғадудҳои эндокринӣ;
- Бемориҳои гуногуни гурда ва дигар узвҳои пешоббарор — пиелонефрит, простатит, систит, нефроптоз;
- Муддатҳои зиёд камоб мондани бадани инсон;
- Осеббардорӣ ва дигар бемориҳои устухон — остеомиелит, остеопороз ва ғайра;
- Норасоии бардавоми витаминҳои D ва UV;
- Истеъмоли аз меъёр зиёди маҳсулоти афзояндаи кислотаи пешоб — хӯрок (намак).
- Истифодаи зиёди моеъи намакдор дар таркиби хӯрок.
Омилҳои ба ин беморӣ таъсиркунанда
вироишОмилҳои асосии таъсиркунанда ба ин беморӣ аслан ба се гурӯҳ тақсим мешаванд:
- Беруна — обу ҳаво (иқлими гарм) ва омили ҷуғрофӣ (сифат ва таркиби оби нӯшокӣ). Ҳамчунин метавон, ки ба ин гурӯҳ тарзи нодурусти истеъмоли ғизо (аз меъёр зиёди сафедаҳо) ва шароити кории носолимро ворид кард. Маҳаллӣ, дохилӣ — ноҳинҷориҳои авҷгирандаи системаи пешоббарор, як гурда доштан, борикшавӣ ё тангии роҳҳои пешоб ва ғайра.
- Омилҳои умумии дохилӣ — фаъолияти ҷисмонӣ ё камҳаракатии бардавом ба иллати беморӣ ва ё осебзадагӣ, уфунатҳои пешоб. Алоим ва марҳилаҳои авҷгирии бемориҳои санги гурда ва роҳҳои пешобгузар.
Бемориҳои санги гурда ва роҳҳои пешобгузар чунин нишонаҳоро доранд: Дард дар қисмати камар, новобаста аз ҳаракат. Пайдоиши хун дар таркиби пешоб — одатан ин ҳолат баъд аз дарди сахт ва ё фаъолияти вазнини ҷисмонӣ ё меҳнати вазнин рух медиҳад.
Муайянкунии санг дар роҳи пешоб
вироишДард дар қисмати рон ва ё қисмати поёнии бадан ва ё узвҳои таносули беруна ва тахтапушт. Тағйири самти ҳаракат ва пошхӯрии пешоб ҳангоми пешобкунӣ (агар санг дар қисмати поёнии ҳолиб воқеъ гардида бошад). Пайдоишии дарди сахти гурда (приступ) — ин дард сахт ва якбора пайдо шуда, метавонад аз як соат то чанд рӯз идома ёбад, то замоне, ки санг мавқеи ҷойгиршавиашро дар системаи пешобгузар ва ё гурда дигар накунад.
Пайдоиши санг дар масона
вироишДард дар қисмати поёнии шикам — ҳангоми ҳаракат ва ё пешобкунӣ пайдо мешавад ва ба узвҳои таносули беруна мегузарад. Зуд -зуд омадани пешоб мушоҳида мешавад.
Усулҳои ташхиси ин беморӣ
вироиш- Таҳлили умумӣ ва биохимиявии пешоб;
- Таҳлили биохимиявии хун — ин усул имкон медиҳад, ки вайроншавии мубодилаи моддаҳо зуд муайян карда шавад;
- УЗИ -ташхиси ултрасадо имкон медиҳад, ки пайдоиш ва ҳаҷми санг муайян карда шавад;
- Рентген;
- Тамографи компютерӣ- ин имкон медиҳад, ки сохт ва кори гурдаҳо, ҳолиб ва масона пурра муайян карда шавад ва ғ.
Табобати беморӣ
вироишТабобати ин беморӣ бо усулҳои консервативӣ, инструменталӣ ва ба воситаи ҷарроҳӣ сурат мегирад. Усули консервативӣ танҳо дар ҳамон замоне имкон дорад, ки агар ҳаҷми сангҳо хурд бошанд ва дар марҳилаи аdвали пайдоиши беморӣ анҷом дода мешавад. Ба ин усулҳои зерин дохил мешаванд:
- Диетотерапия — тарзи махсуси истеъмоли ғизо, ки ба нестшавӣ ва афтидани сангҳо оварда мерасонад;
- Фитотерапия — истеъмоли доруҳои аз равған омодашуда;
- Ба меъёри муқаррарӣ баргардонидани ҷараёни мубодилаи моддаҳо — истеъмоли доруҳои махсус ва витаминҳо, ки ба пастшавии сатҳи кислота оварда мерасонад.
Дармони беморӣ — ҳангоме, ки сангҳо худашон ба воситаи роҳи пешоб берун мешаванд, истеъмоли доруҳои табобатӣ аз ҷониби табибон тавсия дода мешавад.
Сангҳои калон аз гурда танҳо бо роҳи ҷарроҳӣ гирифта мешаванд. Аммо дар замони муосир интишори рӯзафзуни бемориҳои санги гурда ва роҳҳои пешобгузар мутахассисонро водор намудааст, ки роҳҳои нав ва ҳарчӣ содатари табобати онҳоро эҷод кунанд. Чунончӣ ба туфайли инкишофи пизишкӣ ва истифода аз дастгоҳҳои замонавӣ ҳоло дар кишварҳои пешрафта мутахассисон қариб аз ҷарроҳии боз даст кашидаанд, ҷуз дар мавридҳои истиснои шикастан ва барчидани санги ҳолиб ба воситаи дастгоҳҳои муосир анҷом дода мешавад. Тибқи омор теъдоди ҷарроҳии боз дар беморони дорои санги ҳолиб дар ин кишварҳо 6-7 % -ро ташкил медиҳад. Ҳамчунин бо истифода аз дастгоҳҳои замонавӣ усули дрениронидани гурдаи инсидодӣ дигар шудааст, ки хориҷшавии пешобро барқарор карда аз пайдошавии чирк дар гурда пешгирӣ менамояд. Чунончӣ, яке аз воситаҳои муосир истифодаи уретероскоп ва стенти ҳолиб (трубкаи махсуси пластикӣ) мебошад, ки тавассути дастгоҳи эндоскопӣ гузошта мешавад. Истифодаи чунин усулҳо барои беморон нисбат ба найчаҳои кашоле, ки дар беморон васл карда мешаванд, хеле бароҳаттар аст.
Хушбахтона, дастгоҳҳои муосир ва усулҳои навтарини ҷарроҳӣ ва дармон ҳоло дар Тоҷикистон низ ҳарчӣ бештар истифода мегардад. Бо лутфи Худованд ва талошҳои ватанхоҳонаи муассисон ва маъмурияти Бемористони Ибни Сино дар ин бемористон дастгоҳҳои мазкур мавриди истифода қарор гирифтаанд ва аз онҳо хело васеъ истифода бурда мешаванд. Аз ҷумла шикастани санги ҳолиб ва барчидани он тавассути уретероскоп ва дастгоҳи сангшикан анҷом дода мешавад, ки барои беморон хело муносиб ва камдардтар аст. Яъне амал бидуни буридани пӯст анҷом мешавад ва бемор пас аз 1-2 шабонарӯз мураххас шуда ва дар рӯзи 2-3-юм ба фаъолияти худ идома медиҳад. Ин амр гувоҳи он аст, ки кишвари мо низ ҳарчӣ бештар ба маҳдуди илми пизишкии ҷаҳонӣ ворид мешавад ва умед ҳаст, ки дар солҳои наздик истифодаи ин дастгоҳҳо дар саросари кишвар имконпазир мегардад.[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Бемориҳои санги гурда. 10 июли 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 3 май 2018.