Береи Боск, Береи Александр, Бера, Береи Апремон — як навъ нок.

Береи Боск
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
  • Pyrus communis ‘Calebasse Bosc’[1]

Таърих

вироиш

Охири садаи XVIII дар Фаронса рӯёнидаанд. Ба шарафи ботаники фаронсавӣ Боск ном гирифтааст.

Тавсифоти гиёҳшиносӣ

вироиш

Дарахташ баланд, шохаҳояш сирак, баргаш калони байзашакл. Апр. гул карда, сент. мевааш мепазад. Ба сабаби дер гул кардан шукуфааш аз хунукиҳои баҳор осеб намеёбад. Гулаш калон, хӯшагулаш аз 10-12 гул иборат аст. Мевааш калон (150—200 г, баъзан то 466 г), хуштаъму хушбӯй; думчааш дарози камоншакл ё тобхӯрда, ғафсу сахт, пӯсти мевааш тунук, тилоранг, мағзаш сафед, сершираи ширин. Дар таркибаш 9,64 % қанд ва 0,15 % туршӣ дорад. Б. Б.-ро дар Федератсияи Россия, Қафқози Шимолӣ, Украина, Қазоқистон, Гурҷистон, Арманистон, Озарбойҷон, Ӯзбекистон ва Туркманистон парвариш мекунанд. Ба шароити иқлими Тоҷикистон низ мутобиқ карда шудааст (дар баъзе ноҳияи вилояти Суғд ва водии Ҳисор парвариш мекунанд). Дар шароити иқлими Тоҷикистон ҳосилаш нисбатан кам аст. Мас., агар дар Молдавия дарахти он 140—230 кг самар оварад, дар водии Ҳисор 54 кг ҳосил медиҳад. Дар сурати ба нок пайванд кардан баъди 5-6 ва ҳангоми ба биҳӣ пайванд намудан пас аз 3-4 сол самар меоварад. Барои беҳтар гардолуд шудан дарахташро якҷоя бо навъҳои Береи Жиффар, Вилянс, Либмитса Клаппа, Жозефина Мехелнская мешинонанд. Ҳосилаш аз шамол намерезад. Барои ба ҷойҳои дур кашондан мувофиқ аст. Меваашро дар яхдон то моҳи дек. нигоҳ доштан мумкин.

Нигаред низ

вироиш

Адабиёт

вироиш
  • Вубдов Г. А. Груша. Л., 1931;
  • Симиренко Л. П. Помология. Т. 2. Киев, 1962.