Бесс, Бессус (юн.-қад. Βήσσος), Ардашери V (порсии бостон: 𐎠𐎼𐎫𐎧𐏁𐏂𐎠; асри IV то м.329 то м., Ҳагматона) — сатрапи Бохтар, аз сардорони Дориюши III дар ҷанг бо Искандар, шоҳаншоҳи худхондаи Ҳахоманишӣ (330—329 пеш аз мелод).

Бесс
юн.-қад. Βήσσος
лот. Bessus
Таваллуд асри IV то м.
Даргузашт 329 то м.
Дудмон Ҳахоманишиён
Эътиқод маздаясно
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Тирамоҳи с. 331 то м., вақте ки Дорои III дар муҳорибаи Гавгамел аз Искандари Мақдунӣ шикаст хӯрд, Бесс он ҷо фармондеҳи лашкари дастаи савораи Бохтариёну Суғдиёни Доро буд. Искандари Мақдунӣ Дороро аз Ҳамадон ба Рай ва аз он ҷо ба Марв таъқиб намуд, ки зимни он Бесс бо Доро ҳамроҳ буд. Ҳангоми дар Марв паноҳ бурдан бо дастури Бесс Доро кушта шуд. Баъдтар Бессро шоҳи Бохтар эълон намуданд. Бесс ба худ номи Ардашершоҳ (Артаксеркси IV)-ро гирифт. Азбаски Бохтар вилояти пурзӯр ба шумор мерафт, сарлашкарон аз Бесс умеди калон доштанд. Бесс баъди ба тахт нишастан ба Бохтар омада, ваъда дод, ки кишварро аз истилогарон муҳофизат хоҳад кард. Искандари Мақдунӣ (с. 329 то м.) баъди забти Арея (Ҳирот) ва Арахосия (Кобул) ба Бохтар лашкар мекашад.

Бесс ба ҷойи муқобилат ба Искандар бо 7000 ҳазор ҷанговар аз дарёи Окс (Ому) гузашта ба вил. Навтоқи Суғд гурехт. Пас аз муддате суғдиён Бессро дастгир карда ба сарлашкари Искандар Лаг Птоломей супориданд. Искандар бо баҳонаи Дороро куштани Бесс, ӯро ба қатл расонд.

Адабиёт

вироиш