Бехуди Истаравшанӣ

Бехуди Истаравшанӣ (форсӣ: بیخود استروشنی ‎) (с. тав. ва ваф. номаълум) — шоири тоҷик (асри XVI).

Бехуди Истаравшанӣ
Маҳалли даргузашт: номаълум
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: тоҷикӣ

Зиндагинома

вироиш

Дар Истаравшан зиндагӣ ва эҷод кардааст. Аз ашъори дар баёзҳову тазкираҳо боқимондааш бармеояд, ки ӯ ба мавзӯъҳои ишқӣ, тарғиби дӯстӣ ва рафоқат, шикоят аз беадолатиҳои замона ва ғ. даст задааст. Абёти зерин аз ӯст:

Ба худ ҳар дам ба ёди зулфи анбарфом мепечам,
Насими субҳи иқболам ба фикри дом мепечам.
Намедонам ба хотир гардиши чашми кӣ меояд,
Ки сар то по ба худ чун ҳалқаҳои дом мепечам.

Адабиёт

вироиш