Бешаи муҳофиз — ҷангал-дарахтзори табиӣ ва сунъие, ки барои аз таъсири омилҳои номусоиди табиат (гармсел, шамоли сахт, реги равон ва ғайра) ҳифз намудани боғот, киштзор, хок, роҳ, канал, маҳалҳои аҳолинишин, корхонаҳо ва ғ. бунёд ёфтааст.

Минтақаи бешаи муҳофиз барои беҳтар гардидани иқлим ва шароити гидрологии маҳал, оқилона азхуд намудани захираи обу замин, корам кардани заминҳои партов ва камҳосил (регзор, ҷар, оббурда ва ғайра), ободу хуррам намудани маҳал, афзун гардондани наботот, ҳайвонот ва маҳсулнокии онҳо, фароҳам овардани шароити хуби зиндагӣ ва меҳнату роҳати инсон мусоидат мекунад. Аҳаммияти Бешаи муҳофиз баҳри зиёд шудани маҳсулнокии умумии биологии маҳал низ калон аст. Минтақаи Бешаи муҳофиз ба ғайр аз самараи умумии мелиоративӣ аҳаммияти калони иҷтимоӣ ва эстетикӣ ҳам дорад. Беша дар шароити кӯҳистони Тоҷикистон торафт аҳаммияти калон пайдо мекунад. Бо мақсади бунёди Бешаи муҳофиз бештар дарахтони тут, себ, зардолу, олуча, чормағз, писта, ақоқиё, бед, сафедор, чинор, санҷид, дӯлона ва ғ-ро 2-10 қатор мешинонанд. Ба киштзору боғоти аксар хоҷагиҳои минтақаи Кӯлоб, вилояти Суғд ва водии Вахш гармсел, шамолҳои сахт, хокбод ва боди афғон зарари калон мерасонад.

Минтақаи Бешаи муҳофизи киштзору боғот таъсири зараровари онҳоро боздошта, ҳароратро ба низом медарорад, намии ҳаворо зиёд карда, хокро аз эрозия нигоҳ медорад, ба сермаҳсулии зироат мусоидат мекунад. Дар ноҳияи Шаҳритус ва Ишкошим барои пешгирии регҳои равон бешазори регбанд бунёд карда мешавад. Минтақаи сабзкории ҳаволии Душанбе, дарахтони қади роҳҳои пиёдагард ва автомобилгард низ аҳаммияти муҳофизатӣ доранд. Айни замон бешаҳои кӯҳии ҷумҳурӣ дар натиҷаи бесарусомон буридан ва ниҳоят сирак шудан аҳаммияти мелиоративии худро гум кардаанд. Чунин беандешагӣ боиси обшӯй шудани хок ва пайдоиши селобҳои харобиовар гардид. Бинобар ин, яке аз воситаҳои нигоҳ доштани мувозанати табиӣ дар кӯҳҳо барпо намудани бешазорҳо мебошад.

Аз ҳисоби мавзеъҳои душворгузар, заминҳои камҳосил ва заминҳои хушку холии фонди давлатии бешаи ҷумҳурӣ (санглохҳо, нишебиҳои ҷаридор, минтақаҳои обшуста, регзор ва ғайра) бешаи ҷумҳуриро 15-20 дарсад зиёд кардан мумкин аст. Дар масъалаи бешазоркунӣ саҳми Кумитаи ҳифзи табиати Тоҷикистон ва Институти хоҷагии ҷангали Тоҷикистон калон аст. Дар нишебиҳо минтақаҳои Бешазор бунёд карда шуданд. Асосан навъҳои дарахтони хушкитобовар мешинонанд. Ҳамзамон доир ба масоили муҳимми Бешаи муҳофиз таҳқиқоти илмӣ низ анҷом мепазирад. Дар кори амалии дарахтзоркунии ноҳияҳои кӯҳӣ шинондани чормағз ва дарахтони мева муфид аст. Бинобар ин, барои бунёди Бешаи муҳофиз бештар дарахти себ, зардолу, олуча, чормағз, писта унноб ва ғ. тавсия карда мешавад. Бояд ба ҳар як минтақаи Бешаи муҳофиз танҳо як ё ду намуди дарахт рост ояд. Ҳангоми интихоби замин ва навъи дарахт баландии маҳал, нишебӣ ва таркиби хокро ба назар гирифтан лозим аст. Бо мақсади дарахтзоркунӣ дарахтро аз ниҳол ё тухмӣ месабзонанд. Муҳлати шинондани тухмӣ ва ниҳол ба шароити маҳал вобаста аст.

Нигаред низ

вироиш

Адабиёт

вироиш
  • Запрягаева В. И. Лесные ресурсы Памиро-Алая. М., 1975;
  • Падалко В. В. Защитное лесоразведение в Таджикистане. Д., 1977;
  • Справочник по проектированию и планированию садоводства и виноградарства. Киев, 1984;
  • Руководство по лесному семеноводству в Российской Федерации. М., 2000.

Сарчашма

вироиш