Беқасаб
Беқасаб (форсӣ: بیقصب) — матоъи нимабрешимии якранг, рах-рахи гулдори мавҷнок.
Нахи тори беқасаб борику нахи пудаш ғафс мешуд, ки он баръакси тори адрас мебошад. Тори онро аз абрешими нафиси сабз, кабуд, зард, сурх, гулобӣ, қаҳваранг тайёр мекунанд. Тори беқасаб аз 12 то 18 банд иборат аст. Баъзе беқасаббофон миқдори бандҳоро то ба 30 расонидаанд. Одатан сифтаи матоъҳои нимабрешимин (тораш абрешиму пудаш аз ресмон), абрешим (тору пудаш аз абрешим) ғайр аз тарзи бофт, рангу бор пеш аз ҳама ба миқдори банди тор (як банд баробари 200 нахи абрешим) вобаста мебошад. Ҳар қадар миқдори банд зиёд бошад, ҳамон қадар сифати матоъ баланд, яъне сахту обногузар ва пурдошт ҳисоб меёфт.[1]
Ҳунармандони моҳир миқдори банди беқасабро ба 30 мерасонанд. Тори беқасаби рахдорро, одатан, ба панҷ-шаш қисм тақсим карда, ҳар якеро алоҳида ранг медиҳанд. Ҳар як калобаро кушода, нахҳои кандашударо мепайванданд ва як ҷо ба як чӯб чилла мекунанд. Баъд устои нақшандоз мувофиқи нақши дилхоҳ расми матоъро ҷо ба ҷо мекунад. Тори беқасаби гулдор бо роҳи баста ва кушодаи рангдиҳӣ нақш дода мешавад. Беқасаби гулдор ба адрас ё подшоҳӣ шабоҳат дорад. Вале нахи тори беқасаб нафису пудаш риштаи ғафс, тори адрас ғафсу пудаш нафис аст. Аз ҳар чашми теғи дастгоҳ 6-8 нахи тори беқасаб, 4 нахи тори адрасро мегузаронанд. Беқасабро якранг, рахдор ва гулдор мебофанд, аммо адрас танҳо гулдор мешавад. Беқасабро дар Бухоро, Самарқанд, Хуҷанд, Фарғона мебофанд. Дар ин ҷо навъҳои зерини Б.-и якранг: «Сидами сабз», «Сидами зангор», "Сидами симобӣ "; Беқасаби рахдор: «Байрақ», «Пудсафед», «Фирӯза», «Тасма», беқасаби гулдор, «Бодомча» мебофанд. Аз Беқасаб ҷомаҳо ва ҳар гуна либос медӯзанд. Нафосат, латофат ва асолати ин навъи матоъ имкон медиҳад, ки дизайнерон онро барои дар услуби шарқӣ оро додани деворҳои хонаҳо, пардаҳои тирезаҳо, болишту болинҳо ва ҷиҳати рӯкаш намудани мебел истифода намоянд.[2]
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Д. Раҳимов. Касбу ҳунарҳои анъанавии тоҷикон. — Душанбе, 2014. — С. 12 −13.
- ↑ Беқасабро чӣ гуна мебофанд?. 27 августи 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 4 августи 2017.
Сарчашма
вироиш- Беқасаб / Н. Турсунов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.