Беқасаббофӣ
Беқасаббофӣ (порсӣ: بیقصببافی ) – Беқасаб матоъи нимабрешимии якранг ё рах-рахи ранга мебошад.
Тори беқасаби рахдорро, маъмулан, ба 5-6 қисм ҷудо карда, ҳар якеро алоҳида ранг медиҳанд. Ҳар як калобаро кушода, нахҳои кандашударо мепайванданд ва якҷо ба як чӯб чилла мекунанд, ки ин амалро дар гузашта «четма» меномиданд. Сипас устои нақшандоз мувофиқи нақши матлуб рахи матоъро ҷо ба ҷо мекунад. Тори беқасаби гулдор, ба мисли алочабофӣ, бо роҳи бастану кушодани калобаҳо ҳангоми рангдиҳӣ, нақшпардозӣ мешавад.
Ҳунармандони моҳир миқдори банди беқасабро ба 30 мерасонанд. Тори беқасаби рахдорро, одатан, ба панҷ-шаш қисм тақсим карда, ҳар якеро алоҳида ранг медиҳанд. Ҳар як калобаро кушода, нахҳои кандашударо мепайванданд ва як ҷо ба як чӯб чилла мекунанд. Баъд устои нақшандоз мувофиқи нақши дилхоҳ расми матоъро ҷо ба ҷо мекунад. Тори беқасаби гулдор бо роҳи баста ва кушодаи рангдиҳӣ нақш дода мешавад. Беқасаби гулдор ба адрас ё подшоҳӣ шабоҳат дорад. Вале нахи тори беқасаб нафису пудаш риштаи ғафс, тори адрас ғафсу пудаш нафис аст. Аз ҳар чашми теғи дастгоҳ 6-8 нахи тори беқасаб, 4 нахи тори адрасро мегузаронанд. Беқасабро якранг, рахдор ва гулдор мебофанд, аммо адрас танҳо гулдор мешавад. Аз беқасаб ҷомаҳо ва ҳар гуна либос медӯзанд. Нафосат, латофат ва асолати ин навъи матоъ ба дизайнерони муосир имкон медиҳад, ки онро барои дар услуби шарқӣ оро додани деворҳои хонаҳо, пардаҳои тирезаҳо, болишту болинҳо ва ҷиҳати рӯкаш намудани мебел истифода намоянд.[1] Беқасаб навъҳои зерин дорад: бодомча (бо нақши бодом ва рангҳои гулобӣ, сабз, қаҳваӣ ва бунафш), зирагӣ (бо рахҳои сабзи торик ва сиёҳ), самарқандча ё самарқандӣ (бо рахҳои бунафшранг ва сафед), алобайроқ (дорои рахҳои васеъи зард, сабз, бунафш, сабзи торик ва сафед бо пуди сиёҳ ё сафед). Дар Хуҷанд навъи беқасаби Шамси Қодирӣ низ маъмул буд, ки ба шарафи устори эҷодгари он номгузорӣ шуда, аз матоъи рахдор иборат буд ва баъзан абрбандӣ низ мешуд. Ҳунармандони хуҷандӣ чун ихтироъкорони беқасаби абр эътироф шуда буданд ва ин навъ матоъи онҳо дар Эрону Афғонистон ва Ҳинд бо номи «хуҷанда» машҳур буд.[2]
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Беқасабро чӣ гуна мебофанд?. 27 августи 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 4 августи 2017.
- ↑ Д. Раҳимов. Касбу ҳунарҳои анъанавии тоҷикон. – Душанбе, 2014. – С. 12 -13.