Беҳрӯз Табаров (Табаров Беҳрӯз Довудхоҷаевич; 3 июни 1992, ноҳияи Ховалинг) — пажӯҳишгари тоҷик, номзади илмҳои техникӣ (2019).

Беҳрӯз Табаров
Табаров Беҳрӯз Довудхуҷаевич
Таърихи таваллуд 3 июн 1992(1992-06-03) (32 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Ховалинг, Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ физика
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои техникӣ

Зиндагинома

вироиш

3 июни соли 1992 дар деҳаи Гулзори ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Соли 2009 баъди хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ дохил шуда, онро соли 2014 онро бо гирифтани ихтисоси «Муҳандис-Электрик» хатм кардааст. Аз 31 октябри соли 2015 то 30 октябри 2019 дар риштаи аспирантураи Донишгоҳи давлатии Комсомолски лаби Амури Русия таҳсил кардааст. 27 сентябри соли 2019 дар Шӯрои диссертатсионии шаҳри Комсомолски лаби Амур рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Коркард ва таҳқиқи дастгоҳи реакторӣ-тиристорӣ барои маҷмӯи зеристгоҳҳои трансформаторӣ»[1] дифоъ кардааст.

Фаъолияти корӣ

вироиш

Аз соли 2014 то соли 2015 дар корхонаи ОАО «Тоҷикгидроэлектромантаж» ба ҳайси муҳандис-электрик, аз соли 2015 то 2015 дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ дар шуъбаи таълим ба ҳайси «Мутахасиси пешбари курси такмили ихтисос», аз соли 2016 то 2019 дар шуъбаи ташкили кор бо донишҷӯен ба хайси мутахассис, соли 2019 дар шуъбаи кор бо хориҷиёни донишгоҳ ва аз 12 декабри соли 2019 то ҳол дар Донишгоҳи давлатии Комсомолски лаби Амури Русия ба ҳайси муаллими калон фаъолият дорад[2].

Дастовардҳо

вироиш

Дар раванди таҳсил дар риштаи аспирантура дар озмунҳо байни олимони ҷавон ва аспирантони минтақаи Хабаровск иштирок намуда, солҳои 2017, 18 ва 19 ғолиби ин озмун шудааст. Яке аз муассисони маҳфили ҷавонони дар хориҷи кишвар (дар ҳудуди Русия) таҳсилдошта буда, барои муаррифии намудани ҷашну чорабиниҳои милливу давлатӣ, аз қабили Рӯзи Парчами давлатӣ, Конститутсияи мамлакат, Иди Ғалаба, Ҷашни Наврӯз ва амсоли инҳо аз тарафи Раиси кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон ду маротиба бо сипоснома кадрдонӣ шудааст. Соли 2020 дар Озмуни олимони ҷавони кишвари Хабаровск аз байни 109 лоиҳаи пешниҳодшудаи ӯ мақоми дуввумро ишғол карда, бо дипломи махсуси Губернатори кишвари Хабаровск сарфароз гардид. Муаллифи зиёда аз 30 мақолаи илмӣ, 4 ихтироот, 2 шаходатнома дар барномаи ЭВМ, 2 мақола дар рӯзномаи дорои мақоми Scopus, 1 мақола дар рӯзномаи дорои мақоми Web of Science ва мақолаҳои дигар дар маҷаллаҳои илмии гуногуни Русия ва Тоҷикистон мебошад.

Ҷоизаҳо

вироиш

Беҳрӯз Табаров дар озмуни умумироссиягии “Умник-2020” ширкат варзида, ғолибият ва ҷоизаи озмунро ба даст овард[3].