Биков, Васил Владимирович
Биков Васил Владимирович (беларусӣ: Васіль Уладзіміравіч Быкаў; 19 июни 1924 — 22 июни 2003) — нависандаи белорус ва шуравӣ, ходими ҷамъиятӣ. Нависандаи халқии ҶШС Белоруссия (1980). Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1984) буд.
беларусӣ: Васіль Быкаў | |
Таърихи таваллуд: | 19 июн 1924[1][2][3][…] |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 22 июн 2003[2][4][5] (79 сол) |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | нависанда, филмноманавис, рӯзноманигор, сиёсатмадор, қиссанавис |
Солҳои эҷод: | 1947 — 2003 |
Жанр: | повест[d], қисса[d], рӯзноманигории эътиқодӣ[d], ҷустор ва румони кӯтоҳ |
Забони осор: | белорусӣ[8] ва русӣ[9][8][5] |
Ҷоизаҳо: | |
Имзо: | |
Парвандаҳо дар Викианбор | |
Гуфтовардҳо дар Викигуфтовард |
Зиндагинома
вироишДар Омӯзишгоҳи бадеии Витебск таҳсил кардааст. Дар ҶБВ (1941-45) иштирок карда, баъди он даҳ сол чун афсар хидматашро идома додааст. Мавзӯи асосии эҷодиёти Биков Васил Владимирович ҷанг аст, ки аз нахустин ҳикояҳояш ба забони белорусӣ — «Марги инсон», «Аробакаш» (ҳар ду-1955) ва повести «Садои турна» (1961) оғоз ёфтааст. Нашри повести «Ракетаи севум» (1962, ба забони русӣ) Биков Васил Владимирович-ро чун нависанда машҳур гардонид. Дар повестҳои «Қиссаи Алп» (1963) ва «Мурдаҳо дард намекашанд» (1966) воқеоти талхи замони ҷангро рӯшод тасвир намудааст. Дар повестҳои «Сотников» (1970), «Муҷассама» (1971), «Зиндагӣ то субҳ» (1973), «Сафари бебозгашт» (1978) аз рӯзгори дар деҳоти Белоруссия ва дастаҳои партизанӣ, дар «Аломати мусибат» (1982) аз фоҷиаҳои замони колхозсозӣ ҳикоят мекунад. Дар «Кони санг» (1986), «Ҳавои абролуд» (1987) масоили ахлоқӣ матраҳ гардидаанд. Мунаққидон барои вуқӯъгӯйи ашаддӣ будан ва таваҷҷуҳи бештар доштанаш ба ҷиҳатҳои манфии зиндагӣ танқидаш мекарданд.
Соли 1997 Биков Васил Владимирович аз Белоруссия муҳоҷират карда муддате дар Финландия, Олмон ва Чехия зиста, солҳои охири умрашро дар Минск гузарондааст. Дар асарҳои охиринаш «Роҳи тӯлонии бозгашт ба манзил» (2000), китоби ёддоштҳояш «Арзиши эътибор» (2001) мавзӯи ҷангро идома додааст.
Ҷоизаҳо
вироишДорандаи Мукофоти давлатии ИҶШС (1974), Мукофоти ленинӣ (1986). Ба забони тоҷикӣ ҳикояҳо ва повести «Сотников»-и Биков Васил Владимирович тарҷума шуда, ба табъ расидаанд.
Осор
вироиш- Собрание сочинений в 4-х тт., М., 1986.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Быков Василь Владимирович // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
- ↑ 2.0 2.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ Энциклопедия Брокгауз (нем.)
- ↑ Русская литература XX века. Прозаики, поэты, драматурги (рус.) / под ред. Н. Н. Скатов — 2005. — С. 319—322. — ISBN 5-94848-245-6
- ↑ 5.0 5.1 ПроДетЛит (рус.) — 2019.
- ↑ выгрузка данных Freebase — Google.
- ↑ LIBRIS — National Library of Sweden, 2012.
- ↑ 8.0 8.1 Чешская национальная авторитетная база данных
- ↑ Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
Адабиёт
вироиш- Ганченко М., Василь Быков. М., 2004.
Пайвандҳо
вироиш- Биков Васил Владимирович // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.