Open main menu
Рӯнамои яке аз повестҳои Лев Толстой

Повест (русӣ, қисса, ривоят, нақл) — як намуди ҷинси эпикии ҳикоявӣ аст. Дар ҳикоя як воқеа, дар повест чанд воқеаи пайдарҳами саргузашти касе тасвир меёбад. Повест якчанд персонаж дорад, ки онҳо дар атрофи қаҳрамони асосии асар гирд омадаанд. Аз ин гуфтаҳо хулоса мебарояд, ки тасвири воқеа дар повест аз ҳикоя васеъ, вале нисбат ба роман тангтар аст.

Намунаҳои повест дар адабиёти тоҷикВироиш

«Одина»-и Садриддин Айнӣ, «Тори анкабут»-и Ҷалол Икромӣ, «Субҳи ҷавонии мо»-и Сотим Улуғзода, «Камони Рустам»-и Саттор Турсун ва ғайра намунаҳои барҷастаи повест дар адабиёти тоҷик ба ҳисоб мераванд.

СарчашмаВироиш