Бобомурод Турдимуродов

Бобомурод Турдимуродов (зод. 1909, ноҳияи Ҷарқӯрғон, вилояти Сурхондарё, ҶШС Узбакистон) — пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1985), Устоди пахтаи Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон (1957). Узви КПСС аз соли 1945.

Бобомурод Турдимуродов
Таърихи таваллуд 1909
Таърихи даргузашт 1993
Кишвар
Ҷоизаҳо
Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ
ордени Ленин ордени Инқилоби Октябр ордени «Нишони Фахрӣ»

Корнома вироиш

Колхозчӣ, раиси колхози «Коммунизм»-и раёни Қабодиён (1941—71) буд. Аз соли 1971 нафақагири шахсӣ. Дар съездҳои 18—18 Партияи Коммунистии Тоҷикистон аъзои Комитети Марказии Партияи Коммунистии Тоҷикистон интихоб шудааст. Депутати Совети Олии Республикаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон (даъватҳои 6—7).

Ҷоизаҳо вироиш

Бо 3 ордени Ленин, ордени Инқилоби Октябр, ордени «Нишони Фахрӣ», медалхо ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии Республикаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон қадрдонӣ шудааст.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Турдимуродов Бобомурод // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).