Бобоҷон Ниёзмуҳаммадов
Бобоҷон Ниёзмуҳаммадов (5 майи 1906, ноҳияи Конибодом — 25 октябри 1979, Душанбе) — забоншиноси маъруфи тоҷик, доктори илмҳои филологӣ (1948), профессор (1952), академики АИ ҶШС Тоҷикистон (1951), Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1964). Дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1974).
Таърихи таваллуд | 5 май 1906 |
---|---|
Зодгоҳ | ноҳияи Конибодом, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Таърихи даргузашт | 25 октябр 1979 (73 сол) |
Маҳалли даргузашт | Душанбе |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | филология |
Ҷойҳои кор | Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (1956-1976) |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои филология |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Институти омӯзгории Тошкент |
Ҷоизаҳо | медалҳои «Барои меҳнати шоиста дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945», «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В.И.Ленин», Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1964), Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1974) |
Зиндагинома
вироишБобоҷон Ниёзмуҳаммадов соли 1929 Институти омӯзгории Тошкентро хатм кардааст, ихтисос — «забоншиносӣ». Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: забоншиносии тоҷик, шевашиносӣ.
- Мудири бахши таърих ва забоншиносии Базаи тоҷикистонии Академияи илмҳои ИҶШС (1939—1941),
- директори Институти таърих, забон ва адабиёти Базаи тоҷикистонии Академияи илмҳои ИҶШС (1941—1945).
- Муовини сардори Раёсати Пойгоҳи тоҷикистонии Академияи илмҳои ИҶШС (1948—1951), ноиби президент (1951—1953),
- академик-котиби Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (1953—1962),
- мудири бахши Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (1956—1976).
Осор
вироиш- Синтаксиси ҷумлаҳои сода дар забони адабии тоҷик, Д., 1960;
- Очеркҳо оид ба баъзе масъалаҳои забоншиносии тоҷик, Д., 1961;
- Забоншносии тоҷик, Д., 1970. ва диг.
Ҷоизаҳо
вироиш- Бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат,
- се ордени «Нишони Фахрӣ»,
- медалҳои «Барои меҳнати шоиста дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941—1945», «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В. И. Ленин», Ифтихорномаи Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.
- Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1964).
- Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1974).[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳайати шахсӣ. — Душанбе: Дониш, 2011. — 216 с