Бобоҷон Ҳасанов (тав. 10 марти 1947, деҳаи Саризиндон, ноҳияи Балҷувон) — ҳунарпеша ва овозхони тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1987), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2011).

Бобоҷон Ҳасанов
Таърихи таваллуд 10 март 1947(1947-03-10) (77 сол)
Зодгоҳ
Кишвар
Пеша(ҳо) ҳунарпешаи театр, ҳунарпешаи синамо, овозхон
Ҷоизаҳо

Зиндагинома

вироиш

Хатмкардаи Омӯзишгоҳи мусиқии ш. Душанбе (1967) ва факултаи санъати Институти давлатии педагогии ш. Душанбе (ҳоло ДДОТ ба номи С. Айнӣ) (1972) мебошад. Солҳои 1972—2001 актёр, коргардон ва сарояндаи Театри мусиқӣ-мазҳакаи ш. Кӯлоб буд, аз соли 2001 дар Театри давлатии академӣ- драмавии ба номи Лоҳутӣ кор мекунад.

Театр

вироиш

Беш аз 100 нақш дар спектаклҳо бозидааст, ки аксаран асосӣ ва ҳамагӣ табиӣ, самимию ҷаззобанд. «Ҳуррият», «Робияи Балхӣ», «Табиби зӯракӣ», «Айбномаи хотимавӣ», «Карим-Девона», «Восеъ», «Дар чорсӯ», «Мири Кабир», «Заволи Чамбули Мастон», «Офарин Шерак», «Шамшер ва рангинкамон», «Раиси 13-ум», «Зани оҳанин», «Сафар Амиршоев», «Фишор» аз зумраи намоишномаҳоанд, ки ҳунари номрафта дар онҳо бештар зуҳур намудааст.

Овозхонӣ

вироиш

Дар ҷодаи сарояндагӣ низ пештоз мебошад, як силсила таронаҳои дилкаш — «Бишкан», «Бӯса ба дарё задам», «Суруди сулҳ», «Ҳадиси лаб», «Тоҷикистон», «Падар», «Чароғи назар», «Кӣ хоҳад шуд», «Шохи гул», «Ватан» ва ғайра ба мусиқии тоҷик ҳадя намудааст. Ровии хубест, хонишҳои бадеиаш таъсирбахш, буррою самимианд.

Адабиёт

вироиш
  • Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.