Бобо Худойдодов
Бобо Худойдодов (4 июни 1927[1], деҳаи Зери Ҳисор, ноҳияи Панҷакент — 20 июни 1991, ҳамонҷо) — адабиётшинос, омӯзгор, рӯзноманигор, тарҷумони тоҷик, номзади илмҳои филология. Узви Иттиҳодияи рӯзноманигорони ИҶШС, Аълочии матбуоти ИҶШС, Аълочии маорифи халқи РСС Тоҷикистон.
Таърихи таваллуд | 4 июн 1927 |
---|---|
Зодгоҳ | деҳаи Зери Ҳисор, ноҳияи Панҷакент, вилояти Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон |
Таърихи даргузашт | 20 апрел 1991 (63 сол) |
Маҳалли даргузашт | деҳаи Зери Ҳисор, ноҳияи Панҷакент, вилояти Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | омӯзгорӣ |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои филология |
Зиндагинома
вироишБобо Худойдодов 21 июли соли 1927 дар деҳаи Зери Ҳисори ноҳияи Панҷакент ба дунё омадааст. Маълумоти нахустинро дар зодгоҳаш дар Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Панҷакент гирифтааст. Солҳои 1949—1953 донишҷӯйи факултаи забону адабиёти тоҷикии Донишкадаи омӯзгории Сталинобод (Душанбе) буд ва ин таълимгоҳи олиро бо стипендияи сталинӣ хатм кардааст.
Корнома
вироишБобо Худойдодов аз соли 1941 то соли 1990 вазифаҳои гуногунро иҷро кардааст: муаллими мактабҳои собиқ ноҳияи Колхозчиён, корманди адабии рӯзномаи «Тоҷикистони сурх», муҳаррири «Газетаи муаллимон», шунавандаи Мактаби олии ҳизбии назди Кумитаи Марказии ҲКИШ дар шаҳри Маскав, мудири шуъбаи ҳаёти ҳизбии рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ», муҳаррири рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон», котиби масъули маҷаллаи «Мактаби Советӣ», аспиранти кафедраи адабиёти тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе, котиби масъули рӯзномаи «Педагоги ҷавон», директори осорхонаи ба номи Садриддин Айнӣ, Академияи улуми Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳаррири маҷаллаи «Мактаби советӣ», сармуҳаррири нашриёти «Ирфон», директори Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти илмҳои педагогии Вазорати маорифи РСС Тоҷикистон, директори нашриёти «Маориф», муаллими кафедраи назария ва таърихи кори пионерӣ ва комсоли Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе.
Фаъолияти илмӣ
вироишМуаллифи монографияҳои Романи Ҷалол Икромӣ «Духтари оташ» (1967), «Шоир ва айёми мо» (1976), «Се очерк дар бораи се адиб» (1982), рисолаҳои «Ҷалол Икромӣ» (1969), «Тип ва типикунонӣ дар эҷодиёти бадеӣ» (1976), «Роҳи эҷодии Ҷалол Икромӣ» (1976) ва ғайраҳо мебошад.
Тарҷумонӣ
вироишБобо Худойдодов повести Густав Ябе «Роҳи дуруст», (1971), «Сайёраи барои одамон»-и Ю. Оганесян (1977), «Ҳикояҳо ва афсонаҳо»-и К. Д. Ушинский (1980), «Методикаи корҳои тарбиявӣ дар мактаб»-и Ю. И. Болдирев (1979), китобҳои дарсии «Таърихи педагогика» (1982), «Педагогика» (1980)-ро ба забони тоҷикӣ гардонидааст.
Ҷоизаҳо
вироишБо нишонҳои «Аълочии матбуоти ИҶШС», «Аълочии маорифи халқи РСС Тоҷикистон», ифтихорномаҳои РСС Тоҷикистон, КМ ВЛКСМ ва медалҳои зиёде қадрдонӣ карда шудааст.
Даргузашт
вироишБобо Худойдодов 20 июни соли 1991 дар зодгоҳаш даргузашт. Мазораш дар қабристони деҳа воқеъ гардидааст.
Некдошт
вироишБо қарори мақомоти иҷроияи Ҳукумати шаҳри Панҷакент аз соли 1997 мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 53-и деҳаи Марғедар ба номи Бобо Худойдодов номгузорӣ шудааст.
Осор
вироиш- Б. Худойдодов. Романи Ҷалол Икромӣ “Духтари оташ” — Душанбе: «Ирфон», — 1967. — 113 с.
- Б. Худойдодов. Шоир ва айёми мо. — Душанбе: «Ирфон», — 1976
Эзоҳ
вироиш- ↑ Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 4 июня 2021 года. asiaplustj.info. ASIA-Plus (4 июни 2021). 17 марти 2022 санҷида шуд.