«Бодбодакбоз» (англ. The Kite Runner) — филме бар асоси румони ба ҳамин ном аз Холид Ҳусайнӣ ва ба коргардонии Марк Фустер аст, ки дар соли 2007 номзади дарёфти Ҷоизаи Оскар шуд.

Бодбодакбоз (филм)
англ. The Kite Runner
Жанр филми диром[2][3] ва film based on a novel[d]
Коргардон
Таҳиякунанда
Муаллифи
филмнома
Наворбардор
Оҳангсоз
Ширкати синамоӣ DreamWorks, Paramount Vantage[d][5], Participant[d], Image Nation[d], Neal Street Productions[d] ва Sidney Kimmel Entertainment[d]
Давомнокӣ 128 дақиқа
Буҷет 20 000 000 $
Ҳазина 73 200 000 $
Мамлакат
Забон дарӣ, инглисӣ, форсӣ[9][10], урду[11] ва пашту
Сол октябри 2007, 17 январ 2008[1] ва 14 декабр 2007
IMDb ID 0419887
Сайти расмӣ(англ.)

Ҳарчанд бахши умдаи достони филм дар Афғонистон рӯй медиҳад, бо ин ҳол филмбардории ин қисматҳо ба далели мулоҳизоти амниятӣ дар хориҷи Афғонистон ва дар шаҳри Кошғари Чин анҷом шудааст. Бештари диалогҳои филм ба форсии дарӣ ва қисматҳои кӯтоҳе аз он низ ба забони инглисӣ аст. Бозигарони хурдсоли ин филм ҳамагӣ бумӣ ҳастанд, вале бозигарони бузургсол маҷбур буданд, дар ҷараёни филмбардорӣ таҳти омӯзиши забони форсии дарӣ қарор гиранд.

Достон

вироиш

Достон дар бораи кӯдаки хушбахти сокин дар маҳаллаи Вазир Акбархони Кобул, ба номм Амир аст, ки ба хотири раҳо кардани дӯсташ Ҳасан, писари хидматкори падараш заҷр мекашад. Достони филм дар воқеъ эътирозе ба ошӯбҳо ва беназмиҳои чанд даҳаи ахири Афғонистон аз ҳукумати салтанатии Афғонистон гирифта, то ҳамлаи неруҳои Шӯравии собиқ ва муҳоҷирати дастаҷамъии афғонистониҳо ба Покистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва ниҳоятан ҳукмронии режими толибон бар Афғонистон аст.

Бозигарон

вироиш
  • Холид Абдуллоҳ — Амир
  • Закариё Иброҳимӣ — Амири ҷавон
  • Аҳмадхон Маҳмудзода — Ҳасани ҷавон
  • Ҳумоюн Аршадӣ — Оғо Соҳиб (Бобо)
  • Атосса Лионӣ — Сурайё
  • Шон Туб — Раҳим Хон
  • Саид Тағмавй — Фарид
  • Сайид Ҷаъфар Масеҳулло Ғарибзода — Умар
  • Илҳам Эҳсос — Осифи ҷавон
  • Холид Ҳусайнӣ — ҳамчун доктор дар парк (камео)

Ҷоиза ва номинаҳо

вироиш

Ҷоизаи Оскар — 2008

Ҷоизаи Глобуси тилоӣ — 2008[13]

  • Беҳтарин мусиқии филм — Алберто Иглесиас (номзад)
  • Беҳтарин филми хориҷӣ (номзад)

Ҷоизаи BAFTA — 2008[14]

  • Беҳтарин филми ғайриинглисӣ — Вилям Ҳорберг, Уолтер Ф. Паркс, Ребекка Йелдхэм, Марк Форстер (номзад)
  • Беҳтарин филмномаи мутобиқшуда — Дэвид Бениоф (номзад)
  • Беҳтарин мусиқии филм — Алберто Иглесиас (номзад)

Ҷоизаи Sputnik — 2007[15]

  • Беҳтарин филмномаи мутобиқшуда — Дэвид Бениоф (номзад)
  • Беҳтарин мусиқии филм — Алберто Иглесиас (Ҷоиза)

Пайвандҳо

вироиш