Бодбонҳо
Бодбонҳо (лот. Vela, ар. الشراع) — бурҷи Нимкураи Ҷанубии осмон, ки сарҳадди ҷанубии он аз Роҳи Каҳкашон мегузарад.
Номи расмӣ | лот. Vela[1] |
---|---|
Номи кӯтоҳ | Vel |
Номида ба шарафи | бодбон ва Оргу[d] |
Ҳаммарз бо | Насос[d], Pyxis[d], Puppis[d], Carina[d] ва Centaurus[d] |
Кошиф | Nicolas Louis de Lacaille[d] |
Таърихи кашф | 1763 |
Масоҳат |
|
Парвандаҳо дар Викианбор |
Масоҳати Бодбонҳо 499,6 градуси квадратӣ буда, 195 ситораи ба чашм намоён дорад. Ситораи муниртарини бурҷ γ – Бодбонҳо ё Регор (бузургии ситоравиаш +1,75m) ситораи қӯша буда, аз шаш ситора иборат аст. Дар бурҷи Бодбонҳо пулсари машҳури Vela (даври гардишаш 0,0892 с, масофа то Офтоб 1500 с.р.), селҳои метеории Делта-Велидҳо, Гамма-Велидҳо ва Пуппидҳо-Велидҳо ҷойгиранд. Дар аввал Бодбонҳо қисми бурҷи бузурги Киштии Арго буд. Соли 1752 бо ташаббуси мунаҷҷими фаронсавӣ Никола Луи де Лакайл он ба се бурҷи алоҳида: Бодбонҳо, Думболаи Киштӣ ва Шоҳтахта тақсим шуда, дертар ба онҳо бурҷи Комапс низ ҳамроҳ карда шуд.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Бодбонҳо / М. Холов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.