Бодиринг (лот. Cucumis sativus ), бодранг , хиёр — рустаниест яксолаи полизӣ.
Бодиринг Меваи бодиринг
Cucumis sativus L. , 1753
Тасвири гиёҳшинохтӣ аз китоби О. В. Томе «Flora von Deutschland, Österreich und der Schweiz », 1885
Дарозии палакаш 1,5–2 м. Баргаш дандонадор, гулаш қифшакл. Мевааш дарозу борик, сабз; ҳангоми пурра пухта расидан зарди тӯрдор мешавад. Бодиринг аслан аз минтақаҳои тропикии Ҳиндустон аст. Дар Тоҷикистон бодирингро аз а. 16 мепарваранд. Бодиринг зироати равшанӣ, намӣ ва гармидӯст буда, дар хоки ҳосилхез, ҳарор. 25–270С ва 60–80% будани намнокӣ хуб нашъунамо меёбад. Умқи кишти тухмӣ 10–27 см, меъёри кишт 5–7 кг/га. Тухми бодиринг дар ҳарорати 12–13°С саросар неш мезанад. Ҳосили бодирингро баъди 60–85 рӯзи кишт 23–31 маротиба меғундоранд. Бодирингро дар гармхонаҳо низ мепарваранд. Дар Тоҷикистон бодирингҳои навъи «Марғелонии 88», «Марғелонии 882», «Дониш 175», «Ҳисории 132» кишт карда мешавад.
Парвариши бодиринг дар шароити хона
Бодирингро барои тархӯрӣ ва очоронидан, инчунин дар хӯришҳо истифода мебаранд. Таркиби бодиринг аз сафеда, қанд, насҷ, оҳар, кислотаҳои органикӣ, витаминҳои В, С, РР, Е, микроунсурҳо иборат аст. Бино ба маълумоти Абуалии Сино , бодиринг таб ва ташнагиро мешиканад, пешобро меронад, меъдаро қувват мебахшад, ҳангоми бемориҳои ҷигар муфид аст. Ба ақидаи Муҳаммад Ҳусайни Шерозӣ, бодиринг ҷисмро тоза ва сард мекунад, барои меъдаи гарм ва илтиҳоби масона муфид аст, шикамро нарм месозад, пешоб ва санги гурдаю масонаро меронад. Тухми бодиринг низ давои пешоброн аст, қабзиятро кушода, рагҳоро тоза мекунад. Вале он бод ҳосил карда, боиси сар задани қуланҷ мегардад.
Табибони халқӣ бодирингро чун ғизои парҳезӣ, исҳоловар, пешоброн, талхарон, иштиҳоовар ба кор мебаранд. Оби бодиринг барои равондани доғи кунҷидак ва гармича нафъ дорад. Бо ҷӯшидаи решаи бодиринг зардпарвинро муолиҷа менамоянд. Оби бо асал омехтаи бодиринг давои сурфа аст.
Истеъмоли бодиринг тарашшӯҳи шираи меъда ва талхаро зиёд, кори узвҳои гуворишро беҳтар, қабзиятро пешгирӣ мекунад. Он хусусан барои одамони гирифтори иллати ҷоғар ва дарди санги пешобдон муфид аст. Бодиринги очоронида ва намакин низ серғизо мебошад, вале бинобар зиёд кардани шираи меъда ба ашхоси гирифтори гастрит ва захми меъда зиён дорад. Аз бодиринг барои пардоз лосёнҳои гуногун таҳия карда мешаванд. Баъди истеъмоли бодиринг нӯшидани оби хунук ё газдор, лимонад, шир ҷоиз нест. Модарони ширхорадор низ бояд ҳангоми истеъмоли бодиринг эҳтиёт бошанд, зеро бисёр моддаҳои таркиби он ба шири сина мегузаранд ва имкон дорад, ки кӯдакро дарунрав кунанд.
Огурцы. М., 1963; Сабзавоткории Тоҷикистон. Д., 1972;
Марков В. М. Овощеводство. М., 1974;
Нуралиев Ю. Лекарственные растения. Д., 1988;
Зоҳидов Ҳ. Канзи шифо. Д., 1998;
Разделова С. Ю. Всё о лекарственных растениях на ваших грядках. М., 2010.
Юсуф Нуралиев , Лекарственные растения, Д., 1988;