Бозор-Қӯрғон
Бозор-Қӯрғон (қирғ. Базар-Коргон) — шаҳрест (то 8 феврали соли 2021 мақоми деҳа буд) дар вилояти Ҷалолободи Қирғизистон, маркази ноҳияи Бозор-Қӯрғон ва шаҳристони Бозор-Қӯрғон.
Город | |
қирғ. Базар-Коргон | |
41°04′12″ с. ш. 72°44′24″ в. д.HGЯO | |
Кишвар | [[|]] |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Аввалин номбарӣ | асри XIX |
Баландии марказ | 728 ± 1 м |
Минтақаи замонӣ | UTC+6:00 |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ |
|
Номи қавмӣ | Базаркоргонцы |
Шиносаҳои ададӣ | |
Нишонаи почта | 720800 ва 720802 |
|
|
Парвандаҳо дар Викианбор |
Ҷуғрофия
вироишШаҳр дар 673 км аз Бишкек, дар шоҳроҳи стратегии М41 ҷойгир буда, пойтахти кишварро бо шаҳри Ӯш мепайвандад ва дар масофаи 35 км аз маркази вилоят — шаҳри Ҷалолобод ҷойгир аст.
Шаҳр дар заминаи округи деҳавии Бозор-Қӯрғон дар ҳайати деҳаҳои Ҷети-Қошкон (1109 нафар), Беш-Бодом (1720 нафар) ва худи деҳаи Бозор-Қӯрғон (41011 нафар) ташкил ёфт; инчунин деҳаҳои Советское (13178 нафар) ва қисми ҷанубии деҳаи Аук (беш аз 1,2 ҳазор нафар)-и округи деҳавии Кенеш [1] ба ихтиёри шаҳр дода шуданд.
Иқтисод
вироишДар шахр 3 корхонаи пахта, равған, нонпазӣ, тамоку, дуредгарӣ, дузандагӣ мавҷуд аст.
Маданият ва маориф
вироишОмӯзишгоҳи касбӣ-техникӣ, якчанд мактаби миёна, инчунин мактабҳои мусиқӣ ва ва варзишӣ, 3 хонаи маданият, китобхона мавҷуд аст.
Нақлиёт
вироишШахр бо хатсайри автобусӣ алоқа дорад, автовокзал мавҷуд аст.
Дин
вироишМадраса ва 2 масҷид мавҷуд аст.
Аҳолӣ
вироишТо мақоми шаҳр гирифтани деҳаи Бозор-Қӯрғон дар соли 2009 аҳолии он 33359 нафар [2] ва 1 январи соли 2021 ба 41011 нафар [3] расид, ки баъди ба деҳа пайвастани якчанд маҳаллаҳои аҳолинишин мақоми шаҳр гирифтааст, шумораи аҳолии шаҳри Бозор-Қӯрғон то 1 январи соли 2022 58136 нафарро ташкил дод[4].
Сокинон ва сокинони намоён
вироиш- Худойбердиев Аҳмадалӣ (1920-1985) – Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ.
- Абилов Асалдин (1922-2008) Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ.
- Омурбек Чиркешович Текебаев 1958 — сиёсатмадори қирғиз.
- Чубак аҷӣ Ҷалилов (1975-2020) – арбоби динӣ
Эзоҳ
вироиш- ↑ Подписан Закон «Об образовании города Базар-Коргон Базар-Коргонского района Джалал-Абадской области Кыргызской Республики». 9 апрели 2023 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 6 марти 2023.
- ↑ Перепись населения Киргизии 2009. Джалал-Абадская область. С. 322(пайванди дастнорас — таърих). 20 май 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 18 ноябри 2020.
- ↑ Численность населения областей, районов, городов, посёлков городского типа, айылных аймаков и айылов (сёл) Кыргызской Республики (2021)(рус.) (XLS). Национальный статистический комитет Кыргызской Республики (2021). Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 ноябри 2021.
- ↑ Численность населения областей, районов, городов, посёлков городского типа, айылных аймаков и айылов (сёл) Кыргызской Республики (2022)(рус.) (XLS). Национальный статистический комитет Кыргызской Республики (2022).