Бойд Холбрук
Роберт Бойд Холбрук (англ. Robert Boyd Holbrook[1]; тав. 1 сентябри 1983[2]; Престонсбург, Кентукки, ИМА) — ҳунарманди синамо ва телевизиони амрикоӣ, модел ва рассом. Машҳурияти бисёрро аз силсилафилми телевизионии «Нарко» гирифтааст, ки нақши агенти Хадамоти мубориза бар зидди маводи нашъаовар Стив Мёрфиро бозидааст.
Таърихи таваллуд | 1 сентябр 1981 (43 сол) |
---|---|
Зодгоҳ | |
Кишвар | |
Пеша | ҳунарпеша, ҳунарпешаи телевизиюн, мудел, ҳунарпешаи синамо |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишХолбрук дар ш. Престонсбург, штат Кентукки, дар оилаи Эллен ва Дон Холбрукҳо таваллуд шудааст[1]. Дар аёми кӯдакӣ дар театри маҳаллӣ кор мекард[1][3].
Дар соли 2001 Бойд шартнома бо оҷансии моделии Elite Model имзо кард, дертар дар фэшн-ҷамъомаданиҳои Wilhelmina Models кор мекард. Холбрук (чун модел) бо дизайнер ва лейблҳои зербуда ҳамкорӣ мекард: Gucci, Жан-Пол Готе, Versace, Hugo Boss, Билл Бласс, Calvin Klein, Moschino, Марк Ҷейкобс, DSquared².
Бойд ва модел Омахира Мота дар назди суратгир Эллен фон Унверт барои баромади парижии «Omahyra & Boyd» (2005) сурат гирифтанд, дертар як китоб бо ин аксҳо баромад — «Exhibitions International»[4][5].
Маснади синамо
вироишХолбрук мини-серияи шеърҳоро дар веб-гоҳи Model-Max.com дар ҳамкорӣ бо Ҷейми Страчан баровард[6].
Дар фэшн-намоишҳои Аврупову Осиё иштирок карда, Холбрук пули лозимаро барои омӯзиши киностудия дар донишгоҳи Ню-Йорк ҷамъ кард, ва дар онҷо соҳиби сертификати «SCPS 16mm Film» гашт[7]. Баъдтар Бойд дар донишгоҳи Колумбия дар кафедраи таърихи синамо ва корҳои сенариявӣ мехонад. Аз ҳамон вақтҳо вай сенарияи панҷ филми хурдҳаҷмаро навиштааст.
Бойд мастерии актёриро дар студияи Уилям Эспер омӯхт, ва дар онҷо курси дусоларо хонд[8], ҳамчунон дар барномаи барои тайёрии махсус аз Шейн Энн Янтс (англ. Shane Ann Younts иштирок кард — дар онҷо нутқ ва садояшро созтар мекард[9]. Дар соли 2007, вақте ки сенарияи худро ба режиссёр Гасу Ван Сент равон кард, ки ҳайрон ва хурсанд шуд аз эҷодиети синамогари ҷавон, ва нақшеро дар филми «Харви Милк» ба ӯ пешниҳод кард[10]. Боз дар ҳамон вақтҳо дар видеои барои мусиқии суруди «Allison» панк-гурӯҳи Permanent Me, бо ҳамроҳи як модели дигар — Тиа Экхардт иштирок намуд[11].
Боз Холбрук акс ва тарошидан ҳайкалҳоро дӯст медорад. Арт шоуи дебютии ӯ — «Iscariot», аз 19 апрел то 17 майи 2008 дар галереяи Ню-Йорк мегузашт RARE[12].
Зиндагии шахсӣ
вироишХолбрук бо ҳунарпеша Элизабет Олсен дар сентябри 2012 баъди ошноӣ дар наворгирии филми «Очень хорошие девочки» вохӯрданро сар кард. Дар марти 2014 онҳо ақди никоҳ карданд[2][13]. Аммо дар январи соли 2015 онҳо ҷудо шуданд[14].
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 1.2 Deaton, Jarrid. Stage Presence, The Floyd County Times (February 18, 2009). Проверено 13 марти 2014. «...Holbrook, 28...».
- ↑ 2.0 2.1 Maresca, Rachel Elizabeth Olsen engaged to boyfriend Boyd Holbrook: report. New York Daily News. 18 марти 2014 санҷида шуд.
- ↑ An Evening of Scenes — Boyd Holbrook. 29 марти 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 6 июли 2009.
- ↑ McFadden, William, ed. Omahyra & Boyd. Ellen Von Unwerth (retrospective site) (n.d.). Баргирифта аз сарчашмаи аввал 21 феврали 2006.
- ↑ Kamel Mennour Presents Ellen Von Unwerth: Hot things - digital prints. Parisiana.com (n.d.). Баргирифта аз сарчашмаи аввал 14 августи 2005.
- ↑ Model-Max.com Interview — Boyd Holbrook. 29 марти 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 5 май 2004.
- ↑ Slash Interview with Boyd & Omahyra
- ↑ He Magazine Interview with Boyd Holbrook
- ↑ Boyd Holbrook Resume. 29 марти 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 18 феврали 2012.
- ↑ I-D Magazine — Boyd Holbrook Interview
- ↑ Permanent Me — «Allison» music video feat. Boyd Holbrook. 29 марти 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 6 июли 2009.
- ↑ RARE gallery show — Iscariot by Boyd Holbrook. 29 марти 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 15 феврали 2012.
- ↑ D'Zurilla, Christie Elizabeth Olsen reportedly engaged to fellow actor Boyd to Holbrook. L.A. Times (13 March 2014).
- ↑ Lee, Esther Elizabeth Olsen, Boyd Holbrook Split, Break Off Engagement After 3-Year Relationship. Us Magazine (January 19, 2015). 20 Январ 2015 санҷида шуд.