Боймурод Алиев
Боймурод Алиев (1944- 2013) — — риёзидон, номзади илмҳои физикаю математика, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» (1997) ва «Корманди шоистаи Тоҷикистон» (1999). Барандаи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф (2010)
Боймурод Алиев | |
Таърихи таваллуд | 18 ноябр 1944 |
Зодгоҳ | ноҳияи Файзобод, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Таърихи даргузашт | 2013 |
Маҳалли даргузашт | шаҳри Душанбе |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | риёзиёт |
Ҷойҳои кор | Академияи илмҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои физика ва математика |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин |
Ҷоизаҳо | Барандаи мукофоти ИЛКҶ Тоҷикистон дар соҳаи илм ва техника (1974), «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» (1997), «Корманди шоистаи Тоҷикистон» (1999), Барандаи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф (2010) |
Зиндагинома
вироишАлиев Боймурод 18 ноябри соли 1944 дар оилаи деҳқон таваллуд шуда, ҳанӯз дар овони мактабхонӣ аз падар маҳрум гашт ва муддате ӯро хешу таборон дар тарбияи худ гирифтанд. Аз соли 1956 то соли 1961 дар хонаҳои бачагони Файзобод, Норак ва Даҳанакиик (Ҳоло Хуросон) тарбия гирифтааст. Баъди хатми мактаби миёна ба шуъбаи математикаи амалии факултети механикаю математикаи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В.Ломоносов дохил шуда, онро соли 1967 хатм кардааст. Бевосита, худи ҳамон сол ба аспирантураи ҳамин муассисаи таълимӣ дохил гардида, моҳи июни соли 1971 рисолаи номзадиашро дар мавзӯъи «Методҳои устувори ҳалли баъзе масъалаҳои физикаи математикӣ дар спектр» зери роҳбарии академик А.Н.Тихонов бо мувафақият дифоъ намуд. Аз моҳи декабри соли 1972 шурӯъ карда, дар Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин фаъолият кардааст. Дар аввал муаллими калон (то соли 1976), баъд дотсент, сипас 22 сол ҳамчун мудири кафедраи механика ва методҳои ҳисоббарорӣ (аз 29.11.1977 то 18.01.2000), муддате дотсенти кафедраи математикаи амалӣ (то 01.07.2001) ва то охирин лаҳзаҳои зиндагиашон аввал дотсент ва баъд профессори кафедраи математикаи ҳисоббарорӣ ва механика буданд.
Фаъолияти омузгорӣ
вироишДар тайёр ва тарбия кардани кадрҳои болаёқат устод Б. Алиев саҳми бениҳоят калон доранд. Бо роҳбарии бевоситаи ӯ мактаббачагони Тоҷикистон дар озмунҳои байналмилалӣ доир ба лоиҳаҳои илмии математикӣ соҳиби 1 медали тило, 3 нуқра ва 6 биринҷӣ гардидаанд. Инчунин чандин донишҷӯёни омодакардаи ӯ дар олимпиадаҳои дохилию берунӣ сазовори ҷойҳои намоён ва соҳиби сертификату ифтихорномаҳо гаштаанд. Умуман, кор бо донишҷӯ яке аз шуғлҳои асосии устод ба ҳисоб мерафт. Устод раҳнамои донишҷӯён ҳам дар зиндагӣ ва ҳам дар донишандузӣ буданд. Барои фиристодани шогирдҳояшон ба таҷрибаомӯзӣ дар мактабҳои илмии беруна ҳамеша дари масъулинро мекӯфтанд. Шогирдҳои зиёди эшон имрӯзҳо дар соҳаҳои илму таълим ва истеҳсолот кору фаъолият мекунанд. Ӯ муаллифи зиёда аз 25 китоби дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ барои мактаббачагон ва донишҷӯён мебошад. Китобҳои дарсии навиштаи ӯ: Алгебра — синфи 7, Алгебра – 8, Алгебра – 11, Геометрия — 10 ва Геометрия – 11 барои муаллим ва хонандаи мактаби тоҷик хидмат карда истодааст. Китобҳои иншокардаи Б.Алиев (бо ҳаммуаллифон) аз фанни методҳои ададӣ бошад, то имрӯз китоби рӯйимизии донишҷӯёни факултети механикаю математикаи ДМТ мебошад.
Фаъолияти илмӣ
вироишПрофессор Б.Алиев пеш аз ҳама як олими тавонои соҳаи худ буданд. Ӯ дар инкишофи илми математикаи тоҷик саҳми арзанда дорад. Корҳои илмӣ – тадқиқотии ӯ ба се самт равона шудаанд: 1) сохтани алгоритмҳои устувор барои ёфтани ҳалли нормалии муодила ва системаи муодилаҳои интегралӣ дар спектр; 2) сохтани схемаҳои фарқии устувор барои баъзе муодилаҳои физикаи математикӣ; 3) омӯзиши ҳалҳои муодилаҳои дифферентсиалии муқаррарие, ки коэффитсиентҳои ошубӣ доранд. Вобаста ба ин гуна масъалаҳо Б.Алиев зиёда аз 100 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои бонуфузи кишварҳои Русия, Амрико, Англия, Олмон, Эрон ва қариб дар ҳама кишварҳои ИДМ ба нашр расонидаанд. Ӯ иштирокчии Конгрессҳои илмии ҷаҳонӣ аз математика (Берлин, 1998) ва математикаи амалӣ (Эдинбург, Шотландия, 1999) мебошад. Дар Венгрия (1998) ва Амрико (2006) такмили ихтисос кардаанд. Дар чандин конференсия ва семинарҳои байналхалқӣ оид ба дастовардҳои илмиашон маърӯза намудаанд. Профессор Б.Алиев соли 1992 ғолиби озмуни байналхалқӣ миёни олимони ИДМ гардида, солҳои 1993-1995 барандаи стипендияи Бунёди байналмилалии илмии Амрико буд. Соли 1974 барои силсилаи мақолоти илмиаш Б.Алиев ба унвони фахрии Лауреати мукофоти Комсомоли Тоҷикистон дар соҳаи илм ва техника сазовор гаштаанд. Солҳои 2005-2007 ба иҷрои лоиҳаи илмие роҳбарӣ кардаанд, ки он ҳамчун ғолиби конкурс аз тарафи Бунёди тадқиқотии умдаи Президенти Тоҷикистон маблағгузорӣ шуда буд. Дар баробари корҳои илмӣ-тадқиқотӣ Б.Алиев пайваста ба корҳои илмӣ–методӣ ва таълимӣ машғул буданд. Ӯ ҳудуди 50 мақолаи илмӣ-методӣ дар маҷаллаи «Маърифати омӯзгор» ба табъ расонидааст, ки онҳо барои беҳтар гардидани раванди таълими фанни математика нақши мусбати худро бозидааст. Устод дар кори тарҷума ва таҳрири китобҳои илмӣ, таълимӣ ва методӣ низ хидматҳои шоён кардаанд. Луғати истилоҳҳои риёзӣ (англисӣ-туркӣ-русӣ-тоҷикӣ), ки ба қалами ӯ (дар ҳаммуаллифӣ) тааллуқ дорад, кори чандин хонанда, донишҷӯ, унвонҷӯ ва омӯзгорро осон кардааст. Ин дастовардҳояш имконият доданд, ки ӯ соли 2010 барандаи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф гарданд
Ҷоизаҳо
вироиш- Барандаи мукофоти ИЛКҶ Тоҷикистон дар соҳаи илм ва техника (1974);
- «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» (1997);
- «Корманди шоистаи Тоҷикистон» (1999);
- Барандаи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф (2010)
Пайвандҳо
вироиш- Марди иттилоот(пайванди дастнорас)
- Номи некӯ гузошт Ӯ
- Боймурод Алиев. АЛГЕБРА.Китоби дарсӣ барои синфи 11
- Боймурод Алиев. АЛГЕБРА.Китоби дарсӣ барои синфи 8 Бойгонӣ шудааст 29 марти 2017 сол.
- Боймурод Алиев. ГЕОМЕТРИЯ.Китоби дарсӣ барои синфи 10(пайванди дастнорас)