Боймурод Шарифзода
Шарифзода Боймурод Бобопур (Шарифов Боймурод Бобоевич; 2 декабри 1964, Элок, Файзобод, ҶШС Тоҷикистон) — адабиётшинос, номзади илми филология (1995), дотсент (1997).
Шарифов Боймурод Бобоевич | |
Таърихи таваллуд | 2 декабр 1964 (59 сол) |
Зодгоҳ | Элок, ноҳияи Файзобод, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | филология |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (аз 2012) |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои филология |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (1989) |
Зиндагинома
вироишШарифзода Боймурод 2 декабри 1964 дар деҳаи Элоки ноҳияи Файзобод дар хонадони коргар ба дунё омадааст. Солҳои 1972—1982 дар мактаби миёнаи №11 деҳа таҳсил кардааст. Соли 1989 факултети филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин хатм кардааст. Солҳои 1983—1985 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Шӯравӣ хизматро адо намудааст.
Фаъолияти меҳнатӣ
вироишСолҳои 1989—1990 лаборанти калони Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1991—1994 лаборанти калон, стажёр — муҳаққиқ ва 1994—1998 аспиранти кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, 1996—1998 муовини декани факултети филологияи тоҷик оид ба тарбия ва илм, 1998—2003 ҳамзамон ба фаъолияти омӯзгорӣ ва илмӣ рӯзноманигор ва ҳуруфчину тарроҳи компютерӣ, 2003—2004 муовини декани факултети филологияи тоҷик, 2004—2007 декани факултети филологияи тоҷик буд. Аз соли 2012 то 2020 декании факултети филологияи тоҷики ДДОТ ба номи С.Айнӣ ба уҳда дошт.
Шарифзода Боймурод Бобопур бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон директори Институти забон ва адабиёти ба номи А.Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин карда шуд[1].
Таълифот
вироишМуаллифи 1 китоб ва зиёда аз 40 мақолаҳои илмӣ. Самти фаъолияти илмиаш таҳқиқи афкори адабӣ ва танқидии суханварони асримиёнагии форсу тоҷик мебошад. Дар конференсияҳои илмӣ иштирок ва маърӯзаҳо кардааст.
Осор
вироиш- Хоқонӣ ва нақди шеър. — Д.: Шарқи озод, 2010. — 187 с.
- Афкори адабӣ ва танқидии Хоқонӣ. — Д., 1995. — 25 с.
- Барномаи таълимӣ аз фанни «Нақди адабӣ». — Д.: Сино, 2010. — 24 с.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Президенти Тоҷикистон. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи директори Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намудани Шарифзода Б. Б.. president.tj. 24 Январ 2020 санҷида шуд.
Сарчашма
вироиш- ФАЙЗОБОД. Энсиклопедия. Душанбе, 2011. СИЭМТ. 392 саҳ.