Бонки байналмилалии Тоҷикистон
Бонки байналмилалии Тоҷикистон (номи пурра Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Бонки байналмилалии Тоҷикистон»; пешина ҶДММ ТАҚХ «Стандарт финанс») — яке аз бонкҳои Тоҷикистон.
Шакл | Ҷамъияти саҳомии пӯшида |
---|---|
Фаъолият | Бонки умумӣ |
Соли таъсис | 2014 |
Макон | Тоҷикистон: Душанбе |
Вебгоҳ | ibt.tj |
Таърих
вироишҶДММ ТАҚХ «Стандарт финанс» иҷозатномаи БМТ № 0000027-ро дар моҳи апрели соли 2014 дарёфт намудааст. Ҳангоми таъсис додани ташкилот роҳбарият ва саҳмдорон дар назди худ ҳадаф гузошта буданд, ки воситаҳои молиявии худ ва шариконро барои маблағгузории муассисаҳои хурд ва ҳамчунин рушди қарздиҳии истеъмолӣ ҷалб намоянд.
Таваҷҷуҳи хос дар ин ҳолат ба қарзҳо барои таҳсилот ва қарзҳо ҷиҳати беҳсозии шароити зиндагӣ дода мешавад. Дар ин маврид стратегияи ташкилот меъёрҳои нисбатан паст барои фоизҳо ва муҳлатҳои нисбатан дарози пардохти қарзҳоро дар назар дорад.
29 феврали соли 2016 ҶДММ ТАҚХ «Стандарт финанс» иҷозатномаи БМТ № 0000060 — ро дарёфт намуда, ба ҶСП «Бонки байналмилалии Тоҷикистон» табдил ёфт.
Эзоҳ
вироишПайвандҳо
вироиш- ibt.tj — вебгоҳи расмии Бонки байналмилалии Тоҷикистон