Борис Бабочкин
Бабочкин Борис Андреевич (18.01.1904, Саратов — 20.07.1975, Маскав) — ҳунарпешаи театру кино ва коргардони шӯравӣ. Артисти халқии ИҶШС (1963), Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1974).
русӣ: Борис Андреевич Бабочкин | |
| |
Таърихи таваллуд: | 5 (18) январ 1904 |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт | 17 июл 1975 (71 сол) |
Маҳалли марг: | |
Шаҳрвандӣ: | |
Касб: | ҳунарпеша, коргардони филм, коргардони театр, омӯзгори театр, публисист, коргардон |
Корнома: | 1921 — 1975 |
Ҷоизаҳо: | |
IMDb: | ID 0045030 |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишХатмкардаи студияи театрии «Ҳунарпешагони ҷавон»-и Маскав (1921, шогирди И. Н. Певсоф). Фаъолияти эҷодиаш аз соли 1921 дар Театри Иваново-Вознесенск оғоз шуд. Сипас дар театрҳои Могилёв, Ленинград (ҳозира Санкт-Петербург), Маскав, Воронеж, Самара кор кард. Нақшҳои беҳтаринаш: Чатский («Дод аз дасти ақл»-и А. С. Грибоедов), Сохтаном («Борис Годунов»-и А. С. Пушкин), Огнёв («Ҷабҳа»-и А. Е. Корнейчук) ва ғ. Аз соли 1927 дар кино ҳунарнамоӣ кардааст («Исён», 1929; «Взводи якум», 1939). Нақши Чапаев аз кинофилми «Чапаев» (1934) ӯро машҳур гардонд. «Дачанишинон»-и М. Горкий (1939, Театри Калони драмавии Ленинград) ва «Иванов»-и А. П. Чехов (1960, Театри Хурди Маскав) аз фаъолияти барҷастаи коргардонии ӯ мебошанд. Аз соли 1944 муаллим ва аз соли 1966 профессори Институти умумииттифоқии давлатии кинематография, саркоргардони Театри ба номи Пушкини шаҳри Маскав, аз соли. 1954 ҳунарпеша ва коргардони Театри Хурд буд. Дорандаи Мукофоти давлатии СССР (1941, 1951). Бо 3 ордени Ленин, ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ва медалҳо сарфароз гардидааст.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Бабочкин Борис Андреевич // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
Сарчашма
вироиш- Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — 676 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.