Борис Григоревич Колкер

Борис Григорьевич Колкер 15 июли с. 1939 дар шаҳри Тирасполи кишвари Молдавия таваллуд удааст. Мутарҷим, интерлингвист ва муаллими забонҳо мебошад.

Борис Колкер

Муаллифи се дастур оид ба забони байналмилалии эсперанто, ки яктоаш дар Душанбе дар с.1983 дар нашриёти «Дониш» аз чоп баромадаст ва муаллифи якчанд мақола ва тақриз.

Аз 1993 дар шаҳри Кливленди Иёлоти Оҳаё ИМА истиқомат мекунад. Забони эсперанторо дар соли 1957 омухтааст. Номзади илмҳои забонҳо. Мавзуи рисолаашон – эсперантология. Датури асосиашон – «Сайругашт дар кишвари Эсперанто» мебошад, ки ном ва обруи муаллифро дар тамоми ҷаҳон хеле баланд кард, азбаски ин дастур ҳам китоби дарсӣ ва ҳам роҳбалади маданиятии байналмилалӣ дар кишвари Эсперанто мебошад.

Борис Григорьевич узви Академияи Эсперанто, узви фахрии Ассотсиатсияи эсперантодонони тамоми ҷаҳон ва ҳаммухаррири маҷалаи байналмилалии «Monato» мебошад. Дар муддати 20 сол дар Русия садҳо курси ғоибона гузаронд, ки дар он зиёда аз ҳазор хонандагон соҳиби шаҳодатнома шудаанд. Якчанд хонандагон аз Тоҷикистон ҳам будаанд. Дар давоми якчанд сол муаллими эсперанто дар донишгоҳҳои Сан-Франсиско ва Хартфорд будаанд. Алҳол роҳбари курси тақмилии ғоибона дар Интернет мебошанд. Дар маҳалҳои гуногун яке аз асосгузарону роҳбарони ташкилотҳои эсперантодонон дар Иттифоқи Шурави буданд.

Рисола:

вироиш

Дастурҳо:

вироиш