Борис Кимёгаров
Бенсион (Борис) Ариевич Кимёгаров (30 сентябри соли 1920, шаҳри Самарқанд – 19 апрели соли 1979, шаҳри Душанбе) – коргардони синамои тоҷик. Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон (1960), узви Иттифоқи кинематографистони СССР ва Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон. Барандаи Ҷоизаи ба номи Сталин (ҳамроҳи филмбардор И. Барамиков) дараҷаи сеюм (1952).
| |
Таърихи таваллуд: | 30 сентябр 1920 |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт | 19 апрел 1979 (58 сол) |
Маҳалли марг: | |
Шаҳрвандӣ: | |
Касб: | коргардони филм, коргардони театр |
Ҷоизаҳо: | |
IMDb: | ID 1300318 |
Зиндагинома
вироишБенсион Ариевич Кимёгаров 30 сентябри соли 1920 дар шаҳри Самарқанд (Узбекистон) дар оилаи яҳудиёни бухорӣ ба дунё омадааст. Институти педагогии Сталинобод (1936-1939) ва ВГИК-ро (1944) хатм кардааст. Аз соли 1944 - когардони киностудияи Сталинобод (аз соли 1957 "Тоҷикфилм"). Солҳои 1962 -1975 котиби Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон. Коргардон - таҳиягар Борис Кимёгаров яке аз пешсафони синамои тоҷик буд. Хушбахтона, дар синамои тоҷик маҳз ба ҳамин шахсият таърих ва саодати эҷодӣ имконияти бештаре додааст, ки ба мавзӯъҳои муҳими ҳуввияти мардуми тоҷик камар бандад. Дар хотираи таърихии халқ эҳё кардани симои Рӯдакии бузург - филми «Қисмати шоир» (барандаи ҷоизаи аввал дар Кинофестивали байналмилалии Қоҳира, соли 1959), тавоноии маънавии шеър ва ҳикмати Абулқосим Фирдавсӣ - филмҳои «Коваи Оҳангар» (соли 1961), «Достони Рустам» (соли 1970), «Рустам ва Суҳроб» (соли 1971), «Достони Сиёвуш» (соли 1976) офаридааст.
Ҷоизаҳо
вироиш- Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон (1960),
- Ҷоизаи ба номи Сталин (ҳамроҳи филмбардор И. Барамиков) дараҷаи сеюм (1952) - барои филми хуҷҷатии "Тоҷикистони Советӣ"
- Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (1973) — барои кинофилми «Достони Рустам» ва «Рустам ва Сухроб»
- ду ордени “Нишони Фахрӣ” (1952),(1957),
- ордени "Парчами Сурхи Меҳнат" (1957),
- медали "Барои меҳнати шоён" (1946),
- Ифтихорномаи Фахрии Кумитаи советии муҳофизати сулҳ (1959),
- Шаш Ифтихорномаи Фахрии Президиуми Совети Олии Тоҷикистон ва Белоруссия мукофотонида шудааст[1][2].
Адабиёт
вироиш- Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Иборат аз се ҷилд. Ҷилди 2. – Душанбе, 1989
- Энциклопедия кино Таджикистана. - Душанбе, 2012. - С. 111-112.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Сомонаи Тоҷикфилм. 6 Январ 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 6 марти 2017.
- ↑ Биография и фильмография на сайте kino-teatr.ru