Патон Борис Евгеневич (27 ноябри 1918, Киев — 19 августи 2020, Киев, Украина) — олими укроинӣ ва шӯравӣ, доктори илмҳои техникӣ (1952), профессор (1958). Академики АИ ҶШС Украина (1958). Узви хориҷии Академияи илмҳои Тоҷикистон (2001). Президенти Академияи миллии илмҳои Украина (1962 — то имрӯз). Арбоби шоистаи илм ва техникаи ҶШС Украина (1968), Ихтироъкори шоистаи ИҶШС (1983).

Борис Патон
Патон Борис Евгеневич
Таърихи таваллуд 27 ноябр 1918(1918-11-27)
Зодгоҳ Киев,Украина
Таърихи даргузашт 19 август 2020(2020-08-19) (101 сол)
Маҳалли даргузашт Киев
Кишвар
Фазои илмӣ metallurgy[d][1], технолоҷӣ[1] ва сиёсат[1]
Ҷойҳои кор
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои техникӣ[d] (1952)
Алма-матер
Ҷоизаҳо
Имзо Имзо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Институти индустриалӣ (поли-техникии) Киевро хатм кардааст (1941)., ихтисос- «электросварка». Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: равандҳои автоматӣ ва нимавтоматии лаҳимкорӣ (сварка) дар зери флюс, асосҳои назариявии сохтани автоматҳо барои ҷӯшкорӣ ва манбаъҳои ҷӯшкорӣ, идораи равандҳои ҷӯшкорӣ, сохтани созмонҳои ояндадор ва маводи фаъоли оянда, металлургияи хоси барқ, истифодаи чӯшкорӣ ва технологияи ҳаммонанд дар коинот. Зиёда аз 1000 маколаҳо, 400 ихтирооти илмӣ ва 20 монография навиштааст. Мудири озмоишгоҳ (1942—1950), муовини директор (1950—1953), директори Институти электросваркаи ба номи Е. О. Патони АИ ҶШСУ (АИМ Украина, 1953—2020). Президенти Академияи миллии илмҳои Украина (1962—2020). Президенти Ассотсиатсияи байналмилалии академияҳои илмҳо (1993—2020). Аъзои фахрии чандин Академияҳои илмии давлату созмонҳои илмиву ҷамъиятиӣ буд.

Патон Е. Б. ягона будааст, ки дар Украина, барои ду карат Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1969, 1978) ҳангоми зинда буданаш дар ш. Киев соли 1982, ба ӯ муҷассама гузошта шудааст.[2].

Ҷоизаҳо

вироиш
  • Ду карат Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1969, 1978),
  • Қаҳрамони Украина (1998).
  • Бо чор ордени Ленин,
  • орденҳои Байрақи Сурхи Меҳнат,
  • Инқилоби Октябр,
  • Дӯстии халқҳо,
  • «Барои хидмат баҳри Ватан» дараҷаҳои 1, 2 (Россия),
  • «Шараф» (Россия) ва медалҳои зиёд тақдир шудааст.
  • Дорандаи Ҷоизаи давлатии ИҶШС (1950), Ҷоизаи Ленин (1957), Ҷоизаи Шӯрои Вазирони ИҶШС (1988), Ҷоизаи Шӯрои вазирони ҶШСУ (1984), Ҷоизаи давлатии Украина (1970, 2004), ҷоизаи «Триумф» (Россия, 2004), ҷоизаи «Энергияи глобалӣ» (2010), ҷоизаи ба номи В. И. Вернадский (2000).
  • Бо ситораҳои тилои ба номи М. В. Ломоносов, С. П. Королев, Ян Чохралский ва мукофотҳои дигар тақдир шудааст.[3][4][5]
  • Барандаи ҷоизаи «Ситораи муштаракулманофеъ»-и Иттиҳоди давтлатҳои мустақил дар соҳаи илму маориф (2014)[6]

Пайвандҳо

вироиш