Борис Шмелёв
Борис Елисеевич Шмелёв (15 майи 1914 , Петроград, Империяи Русия — 27 ноябри 1990, Чкаловск, ҶШС Тоҷикистон, СССР) — тонкрони шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ (24.05.1945). Лейтенант.
Борис Шмелёв | |
---|---|
Зодрӯз | 15 май 1914 |
Таърихи даргузашт | 27 ноябр 1990 (76 сол) |
Мансубият | |
Қисм | Таҳмдор |
Равобит | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишШмелёв Борис Елисеевич 15 майи соли 1914 дар шаҳри Санкт — Петербург, дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Миллаташ рус. Соли 1928 мактаби миёна ва як сол пас мактаби ФЗУ-ро хатм намудааст.
Аз соли 1929 дар фабрикаи бофандагии «Веретенно» (Ленинград) ҳамчун челонгар-таъмиргар ба фаъолият пардохтааст. Солҳои 1935—1937 хизмати ҳарбии ҳатмӣ дар қӯшунҳои танкии Армияи Сурх. Нахуст мактаби полкиро тамом карда, дар бригадаи 6-уми алоҳидаи танкии ба номи С. М. Киров, дар округи ҳарбии Ленинград хидмат намуда, бо рутбаи командири хурди взвод ҷавоб мешавад.
Фаъолияташро дар коргоҳи саноатии бофандагии Ленинград идома бахшид. Таъмиргари фабрикаи ресандагии «Советская звезда», ёрдамчии устои истеҳсолоти комбинати ба номи П. Анисимов буд.
Иштирок дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ
вироишДар рӯзҳои аввали Ҷанги Бузурги Ватанӣ Борис Шмелёв ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуда, ихтиёрӣ ба Армияи Сурх номнавис мегардад. Дар армияи амалкунанда аз моҳи июни соли 1941. Дар амалиётҳои ҷангии гирду атрофи деҳаи Красний Бор, назди Сенявино, назди Мяга, дар рахнаи муҳосираи Ленинград, дар ҳайати армияҳои 55 ва 67-ум бар зидди фашистон ҷангидааст.
Механик — ронандаи танки вазнини полки 46-уми алоҳидаи танкии гвардиягии армияи 23-юми фронти Ленинград Борис Шмелёв дар амалиёти ҳуҷумии рӯзи якуми Виборг 10 июни соли 1944 қаҳрамонии шахсӣ ва маҳорати баланди ҳарбӣ нишон дод.
Пас аз зарбаи сахти артиллерӣ, қабл аз ҳуҷуми қӯшунҳои фронт ба ҳамлаи «Хати Маннергейм», дар минтақаи баландии 171,0, дар гарданаи Карелия ӯ яке аз аввалинҳо шуда, танки вазнинашро ба истеҳкоми мудофиавии финҳо наздик бурд. Сарфи назар аз жоласон рехтани тир, тирпарронии беисти артиллерии душман танкашро моҳирона идора мекард. Дар зарфи ду соат бо танки вазнин садди бетонии зиддитанкиро ба ду тараф тела дода, роҳро барои қӯшунҳо боз кард. Б. Шмелёв супориши ҷангиро бо сарбаландӣ ба сомон расонд ва роҳ барои танкҳои полк кушода шуд. Вай, ҳамчунон, бо тири пулемёт зиёда аз 50 сарбозу афсари душманро нобуд сохта, 8 нуқтаи оташфишонро ба хок яксон кард.
Б. Шмелёв дар муҳорибаҳо диловарона ҷангид. Бо рахнаи пурраи «Хати Маннергейм» ва ишғол намудани Виборг (чор сол қабл рахнаи ин сад барои Армияи Сурх дар 113 рӯз даст дода буд) поён ёфт.
Барои ҷасорату мардонагӣ ва қаҳрамонӣ бар зидди фашистони истилогар бо Фармони Президиуми Совети Олии СССР аз 24 марти соли 1945 сержанти калони гвардия Шмелёв Борис Елисеевич бо унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ сарфароз гардид.
Ӯ ҳарбу зарбро идома дод. Дар ҷабҳа рутбаи афсарӣ гирифта, дар озодсозии Полша иштирок намуд. Моҳи августи соли 1946 техник — лейтенант Б. Е. Шмелёв ба эҳтиёт рухсат шуд.
Солҳои баъди ҷанг
вироишПас аз адои хизмат, ба Ленинград баргашта, дар корхонаи шаҳр заҳмат кашид. Аз моҳи апрели соли 1947, баҳри хидмат, ба мақомоти Вазорати корҳои дохилии СССР сафарбар гардид. Нахуст муфаттиш, баъд сардори шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Понировски вилояти Курск буд.
Моҳи феврали соли 1950, пас аз рафтан аз мақомоти корҳои дохилӣ, ба Ленинград баргашт. Соли 1955 ба вилояти Қустанайи РСС Қазоқистон баҳри азхудкунии заминҳои нокорам омад.
Баъди чанд сол Б. Шмелёв ба РСС Тоҷикистон, ба шаҳри Чкалови вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд), кӯчид. Ба сифати челонгар дар яке аз стансияҳои хизматрасонии шаҳр хизмат мекард.
27 ноябри соли 1990 фавтида, дар гӯристони шаҳри Чкалов (ҳозира Бӯстон) мадфун аст.
Ҷоизаву ва унвонҳо
вироиш- Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ (24 марти 1945);
- ордени Ленин (24 марти 1945);
- ду ордени Ҷанги Ватанӣ дараҷаи 1 (30 январи 1945; 11 марти 1985);
- ордени Ҷанги Ватанӣ дараҷаи II (29 сентябри 1944);
- ордени Ситораи Сурх (12 марти 1944);
- медалҳо, аз ҷумла:
- медали «Барои мудофиаи Ленинград» (1942);
- медали «Барои шуҷоат» (16.02.1943);
- медали «Барои азхудкунии заминхои корам» .
Некдошт
вироишНусхаи билети ҳарбӣ, дафтарчаи орденҳо, шаҳодатномаҳо барои медалҳо, варақаҳои мукофотӣ ва хотираҳо аз ҷониби аҳли оила ба ҳукумати Санкт-Петербург ва Осорхонаи давлатии ёдбуди мудофиа ва муҳосираи Ленинград супурда шуд.
Барои абадӣ гардондани номи қаҳрамон кӯча дар шаҳри Чкалов (Бӯстон) номгузорӣ шудааст[1].
Эзоҳ
вироиш- ↑ Умари Шерхон. Шмелёв. Қиссаи пайванди Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ ба Тоҷикистон. peshina.jumhuriyat.tj. Нашрияи расмии Тоҷикистон - "Ҷумҳурият" (12 май 2020). 10 Декабри 2024 санҷида шуд.
Адабиёт
вироиш- Танкисты в сражении за Ленинград / Под редакцией В. Баранова, Сост. Б. А. Гинзбург. Л.: Лениздат, 1987.
- М. Барятинский. Советские танки в бою,. М., Яуза, Эксмо, 2006.
- В. Н. Шунков. Красная Армия.
- Н. П. Ямской. Кто брал рейхстаг: Герои по умолчанию… М.: Олма-Пресс, 2006. — Стр. 311—313.
- Р. Виленская. Крепче брони // газета «Коммунист Таджикистана», № 70, 25.03.1976.
- С. Баутина. Три эпизода из жизни ветеранов", газета «Ленинабадская правда», дата выпуска неизвестна.
- В. Стариков. Долгая дорога в Россию // Общая газета. — № 50, 13—19 декабря 2001 г.
- В. Г. Стариков. Герои штурма линии «Карельского вала» у д. Сийранмяки (Шмелев Б. Е. и его однополчане). — Киров: Веси, 2019. — 578 с.
- М. В. Коломиец. КВ «Клим Ворошилов» — танк прорыва. М.: Коллекция, Яуза, Эксмо, 2006. (фотографии между стр. 64 и 65).
- В. Л. Телицын. Маршал Говоров. От колчаковского офицера до Маршала Советского Союза. М.: Яуза, Эксмо, 2008. — С. 204—205.
- И. Мощанский. Штурм «Карельского вала». Выборгско-Петрозаводская стратегическая наступательная операция 10 июня — 9 августа 1944 года, М.: БТБ-МН, 2005.