Таҳмдор
Таҳмдор (форсӣ: تهمدار) — дараҷае афсарӣ дар нерӯҳои заминӣ ва ҳавоӣ, ниҳодҳои низомӣ ва амниятӣ, ки ҷойгоҳе болотар аз таҳмовар ва пойинтар аз таҳморо дорад ва баробар бо новбон дувум дар нерӯи дарёӣ аст; лейтенант[1].
| |||||
Кӯтаҳнивишт | форсӣ: تهمدار | ||||
Кишвар | Тоҷикистон | ||||
Дараҷаи болотар | Таҳморо | ||||
Дараҷаи пойинтар | Таҳмовар | ||||
Ҳамто |
|
Дараҷаи пойинтар: Таҳмовар |
Таҳмдор |
Дараҷаи болотар: Таҳморо |
Таҳмдор дар нерӯҳои мусаллаҳ маъмулан мақоми созмонии фармондеҳи таҳмро дорад, ки ягони тактикиест, ки аз ду ё чанд рада ташкил шуда ва бахше аз вашт аст; даста[2], взвод[3].
Вожашиносӣ
вироиш«Таҳмдор» яке аз истилоҳоти сипоҳи Ашкониён аст, ки унвони фармондеҳи таҳм буд. Пажӯҳишгарон ин унвонро рӯбардор аз истилоҳи юн.-қад. τάγματάρχος (τάγμα ‘гурдон’ + άρχω ‘фармондеҳ’, яъне саргурд) дар сипоҳи Руми Шарқӣ донистаанд:
паҳлавӣ: tagm(a)dār < юн.-қад. τάγμα > паҳлавӣ: tahmīh ‘нерӯ’ + -dār ‘доранда’ < паҳлавӣ: tahmdār ‘фармондеҳи таҳм’[4].
«Таҳмдор» бо равиши вожасозии таркиб аз як вожа ва як пасванд сохта шудааст: таҳм + дор. Мақулаи дастурии ин вожа исм ва сохтвожаи он ба сурати [исм (таҳм) + пайвожа (-дор)] аст. Пасванди «-дор» (< порсии миёна: *dār < порсии бостон: *dār(a)- < эронии бостон: *dārai̯a- «доштан; доранда»[5]) ба исм афзуда мешавад ва умуман маънии «нигаҳдоранда»-ро мерасонад[6]. Ин пасванд дар вожасозии низомӣ аз куҳантарин замонҳо ба кор меравад. Чунончи, дар забони эронии бостон «*kāra-daranaka-» ‘дорандаи сипоҳ, сипаҳдор’ [5], дар паҳлавӣ: «tagm(a)dār» ва дар форсӣ: «сипаҳдор» ва «лашкардор» бо ҳамин пасванд сохта шудаанд.
«Сипаҳдор ё сипоҳдор» низ аз истилоҳоти куҳани низомӣ ва мутародиф бо «сипаҳсолор» ва «фармонраво; подшоҳ» аст ва «сипаҳдорӣ» низ «амали сипаҳдор, сардории сипоҳ, фармондеҳӣ»-ро мегуфтанд[7]. Чунончи, Фирдавсӣ «сипаҳдор»-ро дар «Шоҳнома» ба маънои «фармондеҳи сипоҳ» бисёр ба кор бурдааст:
«Лашкардор» низ аз истилоҳоти куҳани низомӣ ва ба маънои «идоракунанда ва фармондеҳи лашкар» аст ва «амалу шуғли лашкардор; нигаҳдории лашкар; фармондеҳии лашкар»-ро «лашкардорӣ» мегуфтанд[9]. «Лашкардор» дар «Марзбоннома» ба маънои «фармондеҳи лашкар» ба кор рафтааст:
«Корҳои мамлакат ба мардони кору лашкару лашкардор рост ояд»[10].
Бино бар ин пешина ва додаҳо, «таҳм» ба ҷои «взвод» ва «таҳмдор» ба ҷои «лейтенант» (аз олмонӣ: Leutenant > фр. lieutenant «ҷонишин») ва дар пайравӣ аз он вожаҳои «таҳмовар» ва «таҳмбон» сохтаву барои ҷойгузинии дараҷаҳои низомии «лейтенанти хурд» ва «лейтенанти калон» ба Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудаанд[11].
Пешина
вироишТаҳмдор ҳамчун симати низомӣ нахустин бор дар сипоҳи Ашкониён (250 то милод — 224) пайдо шудааст. «Тагма» (юн.-қад. «τάγμα») дар сипоҳи подшоҳии Руми Шарқӣ ягоне номида мешуд, ки 100 — 500 сарбозро дар бар мегирифт[12]. Ин истилоҳ дар паи ҷангҳои доманадори Руму Эрон дар замони Ашкониён аз румиён вом гирифта шуда ва дертар бо вожаи паҳлавӣ: tahmīh ‘нерӯманд, диловар, далер, чобук’ (аз эронии бостон: *taxma- > √*tak- ‘тохтан, давидан’ < порсии миёна: tahm > форсӣ: تهم [таҳм] ‘зӯрманд, паҳлавон’[5]) инҳамон ва бо «нерӯ» мутародиф гаштааст[13].
Дар сипоҳи Сосониён (224 — 651), ки созмони радабандии даҳдаҳиро аз сипоҳи Ашкониён ба ирс бурда буд[14], низ яке аз ягонҳо «таҳм» (порсии миёна: tḥmy) ном доштааст[15]. Ҳар таҳме 50 — 100 сарбозро дар бар мегирифта ва аз чанд «рада» (порсии миёна: radag) ташкил мешуда, ки ҳар кадоме 10 сарбоз доштааст[16].
Пайвандҳо
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ»
- ↑ Фарҳанги ҳазорвожаи низомӣ. — Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Дафтари вожагузинии низомии Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, 1392.. 9 августи 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 Декабри 2018.
- ↑ Коллектив авторов. Том 2, статья «Взвод» // Военная энциклопедия / Под ред. П.В. Грачёв. — М.: Воениздат, 1994. — С. 85. — 544 с. — 10 000 экз. — ISBN 5-203-00299-1.
- ↑ Лившиц В. А. Парфянская ономастика. – СПб.: - Петербургское лингвистическое общество, 2010. – 400 с., ил. – (Азиатика). ISBN 978-5-4318-0006-1.
- ↑ 5.0 5.1 5.2 Ҳасандӯст, Муҳаммад. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. — Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Нашри осор, 1393. ISBN 978-600-6143-56-9. — ҷ. 2, с. 1244—1245
- ↑ Содиқӣ, Алиашраф. Шеваҳо ва имконоти вожасозӣ дар забони форсии муъосир (5) // «Нашри дониш», хурдод ва тири 1371, шумораи 7, сс. 39 – 45
- ↑ Анварӣ, Ҳасан. Фарҳанги бузурги «Сухан». Ба сарпарастии Ҳасан Анварӣ, Теҳрон: «Сухан», 1381 – . 8 ҷ. мусаввар. ISBN 964-6961-98-3 (давра). ҷ. 5, с. 4034
- ↑ 8.0 8.1 Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома. — Душанбе: «Адиб», 2007. Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Камол Айнӣ ва Зоҳир Аҳрорӣ. Муҳаррир Мубашшир Акбарзод. ҷ. 2. — 480 саҳ. — ISBN 978-99947-32-84-5.
- ↑ Анварӣ, Ҳасан. Фарҳанги бузурги «Сухан». Ба сарпарастии Ҳасан Анварӣ, Теҳрон: «Сухан», 1381 – . 8 ҷ. мусаввар. ISBN 964-6961-98-3 (давра).
- ↑ Деҳхудо, Алиакбар. Луғатномаи Деҳхудо (нусхаи диҷитол) бар асоси нусхаи физикии 15-ҷилдии интишори соли 1377. — Муассисаи Луғатномаи Деҳхудо ва Маркази байнулмилалии омӯзиши забони форсии Донишгоҳи Теҳрон, 1399.
- ↑ Умед Джайхани: В национальной армии и терминология должна быть максимально национальной
- ↑ Ҳамакнун ҳам дар Нерӯҳои мусаллаҳи Юнон гурдон ба забони юнонӣ «τάγμα» ва саргурд ё майор «τάγματάρχης» номида мешаванд.
- ↑ Фарҳанги забони тоҷикӣ. Зери таҳрири М. Ш. Шукуров, В. А. Капранов, Р. Ҳошим, Н. А. Маъсумӣ — М., «Советская Энциклопедия», 1969. ҷ. 2, саҳ. 354 – 355
- ↑ Никоноров В. П. К вопросу о парфянском наследии в сасанидском Иране: военное дело // Центральная Азия от Ахеменидов до Тимуридов: археология, история, этнология, культура. Материалы международной научной конференции, посвященной 100-летию со дня рождения Александра Марковича Беленицкого (Санкт-Петербург, 2–5 ноября 2004 года) / Отв. ред. В. П. Никоноров. СПб., 2005. С. 156
- ↑ Asha R. The Dates in the Pahlavīg and Pārsīg Inscriptions of Durā (Europos). 24 Январ 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 7 августи 2016.
- ↑ Айвазян А. Терминология организационной структуры Армянской Армии в IV—V вв. // А. Айвазян. Армяно-персидская война 449–451 гг. Кампании и сражения.– Eреван: Воскан Ереванци, 2016; СПб.: Алетейя, 2017. С. 360—464.