Бор (аломати кимиёӣ — B, аз лот. Borum) — унсури кимиёии гурӯҳи III ҷадвали даврии Менделеев; рақами тартибиаш 5, массаи атоомиаш 10,811. Дар ҷадвали даврии ҳозира замон, Бор дар блоки p ва дар 13-ум гурӯҳи элементҳо ҷойгир мебошад.[11]

5
Бор
10,811
2s22p1

Хосиятҳо

вироиш

Физикӣ

вироиш

Бори табиӣ аз ду изотоп — 10В (19 %) ва 11В (81 %) иборат аст. Бор 3·10-4 дарсади массаи қишри заминро ташкил медиҳад. Моддаи беранги кристаллии сахт буда, хосияти нимноқилӣ дорад. Ҳарорати гудозишаш 2075°С, ҳарорати ҷӯшишаш 3700°С, зичиаш 2,31-2,35 г/см³. бор тақрибан дар таркиби 80 минерал, масалан, бура, кернит, боратсит, улексит, колеманит ва ғ. мавҷуд аст.

Химиявӣ

вироиш

Бор дар аксари пайвастҳояш севалента буда, таҳти ҳарорат бо нитроген, оксиген, хлор, бром, сулфур ва дигар унсурҳо пайваст мешавад. Оксиди бор — В2О3 моддаи намкаш буда, бо об кислотаи сусти ортоборат ҳосил мекунад. Дар натиҷаи гудозиши бор бо филиззот боридҳо ба вуҷуд меоянд. Бориди филиззот дар ҳарорати 2000-3000°С устувор аст. Ин имкон медиҳад, ки онҳоро ҳангоми сохтани қисмҳои турбинаҳои газӣ, муҳаррики самолёт, асбобҳои электронӣ истифода баранд. Аз реаксияи кислотаҳо бо бориди филиззот пайвастҳои гидрогении бор, яъне, боранҳо ҳосил мешаванд. Боранҳо моддаҳои бадбӯй ва заҳрнок буда, аз ҷиҳати сахтӣ ба алмос наздиканд. Дар саноат барои дар муқобили соиш ва ҳарорат устувор намудани хӯлаҳои филиззоти ранга ва сиёҳ ба таркиби онҳо бор илова менамоянд. Кислотаи ортофосфат дар тиб, саноати консерв, рангу эмалҳо истифода мешавад. Бор дар саноати шиша, чармгарӣ, истеҳсоли матоъ ба кор меравад. Бор ҳамчун микроунсур барои рушди рустаниҳо аҳаммияти бузург дорад. Дар хоке, ки миқдори бор кам аст, ҳосил паст мешавад. Аз ин сабаб ҳангоми норасоии бор ба хок кислотаи ортоборат, суперфосфати бордошта ва ғайра илова мекунанд. Дар таркиби хок аз меъёр зиёд будани бор (беш аз 1·10-3 %) боиси бемориҳои ҳайвонот мегардад; меъёри ҷоизи бор дар таркиби рустаниҳо то 1·10-4 % аст.

Атомӣ

вироиш

Изотопҳо

вироиш

Мавҷудият дар табиат

вироиш

Ҷойгиршавии бор дар замин бо ҳисоби миёна 4г/т ташкил медиҳад. Новобаста аз ин 100 маъдани бор мавҷуд аст. Конҳои маъдани бор дар Русия, Қазоқистон, ИМА, Перу, Аргентина ва Туркия воқеанд. Дар ҳолати кристаллӣ ва аморфӣ дучор меояд.

Таърих

вироиш

Нахустин маротиба дар соли 1808 аз тарафи кимиёгарони франсуз Ж. Гей-Люссак ва Л. Тенар тавассути гармкунии ангидриди B2O3 бо калии металлӣ ҳосил карда шуд. Чанде пас Х. Дэви борро тавассути усули электролизи гудохтаи B2O3 ҳосил намуд. Номи ин элемент аз калимаи арабии бурақ (арабор بورق‎‎) ё форсии бураҳ (форс. بوره‎) пайдо шудааст, ки барои ифодаи бура истифода мешуд.

Номгузорӣ

вироиш
  1. Van Setten et al. 2007, pp. 2460–1
  2. (1995) «Infrared Emission Spectroscopy of BF and AIF». J. Molecular Spectroscopy 170 (1). doi:10.1006/jmsp.1995.1058. Bibcode1995JMoSp.170...82Z.
  3. Melanie Schroeder. Eigenschaften von borreichen Boriden und Scandium-Aluminium-Oxid-Carbiden(олмонӣ), стр. 139.
  4. (October 1973) «Physical-Chemical Properties of beta-Rhombohedral Boron». High Temp. Sci. 5 (5): 349–57.
  5. Lide, David R. (ed.) (2000). Magnetic susceptibility of the elements and inorganic compounds, in Handbook of Chemistry and Physics (PDF). CRC press. ISBN 0849304814. 
  6. Weast, Robert (1984). CRC, Handbook of Chemistry and Physics. Boca Raton, Florida: Chemical Rubber Company Publishing. pp. E110. ISBN 0-8493-0464-4. 
  7. (1808) «Sur la décomposition et la recomposition de l'acide boracique». Annales de chimie 68: 169–174.
  8. Davy H (1809). «An account of some new analytical researches on the nature of certain bodies, particularly the alkalies, phosphorus, sulphur, carbonaceous matter, and the acids hitherto undecomposed: with some general observations on chemical theory». Philosophical Transactions of the Royal Society of London 99: 39–104. doi:10.1098/rstl.1809.0005.
  9. 9.0 9.1 Atomic Weights and Isotopic Compositions for All Elements. National Institute of Standards and Technology. 21 сентябри 2008 санҷида шуд.
  10. Szegedi, S. (1990). «Determination of boron in glass by neutron transmission method». Journal of Radioanalytical and Nuclear Chemistry Letters 146 (3): 177. doi:10.1007/BF02165219.
  11. (1988) «New Notations in the Periodic Table». Pure Appl. Chem. 60 (3): 431–436. doi:10.1351/pac198860030431. Санҷида шуд 24 March 2012.

Адабиёт

вироиш

Пайвандҳо

вироиш
 
Логотипи Викилуғат
Викилуғат дорои мақола бо номи «Бор» аст
 
Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад: