Ботурхоҷа Қобилов
Ботурхоҷа Қобилхоҷаевич Қобилов (тав. 01.07.1981 ) шаҳри Хуҷанд , вилояти Суғд — олим, омӯзгор, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ (2010), дотсент.
Ботурхоҷа Қобилхоҷаевич Қобилов | |
Таърихи таваллуд | 1 июл 1981 (43 сол) |
Зодгоҳ | Хуҷанд, вилояти Суғд, ҶШС Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | ҳуқуқ |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон |
Зиндагинома
вироишДонишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон-ро хатм кардааст (2004), ихтисос – ҳуқуқшинос.
- Аз соли 2004 омӯзгори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва криминалистикаи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон.
- Аз соли 2007 то 2009 дар шуъбаи ташхиси криминалистии РВКД ҶТ дар вилояти Суғд кор кардааст.
- Аз 2009 то оғози соли 2018-2019 сармуаллими кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва криминалистикаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон
- Аз оғози соли 2018 – 2019 сармуаллими кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика ва пешгирии коррупсияи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон.[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ ДДҲБСТ, кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика ва пешгирии коррупсия Ботурхоҷа Қобилхоҷаевич Қобилов(тоҷ.). www. tsulbp.tj. 7 феврали 2024 санҷида шуд.