Бофандагӣ
Бофандагӣ (порсӣ: بافندگی ) – яке касбҳои суннатии халқи тоҷик буда, дар шаҳру навоҳии тоҷикнишини Осиёи Марказӣ аз замонҳои қадим маъмул буд. Бофандагон тавассути олоти кории худ – ҳаллоҷӣ, чарх, дӯкон ва ғайра асосан, аз ремонҳои пахтагин, абрешимӣ, пашмин, канабӣ ва зағирпоягӣ матоъҳои гуногун мебофтанд. Ҳар як матоъ аз бофтаҳои амудиву уфуқӣ – тору пуд иборат мебошад. Тайёр кардани тору пуд аз амалҳои нахпечонӣ, тортанӣ, оҳардиҳӣ ва фарқкушоӣ иборат аст. Торро дар дастгоҳ ё дӯкон таранг мебанданд ва пудҳоро аз байни риштаҳо бо як тартиби муайян гузаронида устувор мекунанд. Ҳангоми бо тартиби гуногун бофтани торру пуд матоъҳои ҳархела ва тавассути бофтан бо риштаҳои рангҳояшон мухталиф нақшҳои рах-рах, катак ва гулдору суратдор ба вуҷуд меояд. Ҳамин тариқ матоъҳои алоча, адрас, атлас, чит, суф, карбос, қаламӣ ва навъҳои дигар истеҳсол мешаванд.[1]
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Д. Раҳимов. Касбу ҳунарҳои анъанавии тоҷикон. – Душанбе, 2014. – С. 7.