Абуязид Тайфур ибни Исо ибни Одам ибни Сурушон, лақабаш «Султону-л-орифин» ва «Бурҳону-л-муҳаққиқин» (ар. أبو يزيد البسطامي‎; ? — 857, Бастом) — мутафаккири маъруф, асосгузори тайфурия, аз машоихи бузурги суфия, табақаи аввалӣ ва аз машҳуртарин орифони форсу тоҷики асрҳои 8-9.

Боязиди Бастомӣ
араб. форсӣ: بایزید بسطامی
сурат
Иттилооти инфиродӣ
Касб, шуғл: sheikh, мураббия, омӯзгор
Таърихи таваллуд: тақрибан 804[1]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 848[2][3]
Маҳалли даргузашт:
Кишвар:
Эътиқод: ислом[5]

Фаъолияти динӣ
Устодон: Зуннуни Мисрӣ, Шақиқи Балхӣ, Абутуроби Нахшабӣ ва Яҳё ибни Муъози Розӣ

Иттилооти иловагӣ
Лоиҳаҳои алоқаманд:  Викианбор  
Вироиши Викидода

Зиндагинома

вироиш

Аҷдоди пешини Боязиди Бастомӣ пайрави зардуштия буданд ва дар давраи ҳаёти бобояш аҳли хонадон дини исломро қабул карданд. Аз Боязиди Бастомӣ осори мукаммале боқӣ намондааст. Дар бораи ҳаёт ва фаъолияти ӯ нақлу ривоятҳои мухталифе боқӣ мондаанд. Аз ҷумла, роҷеъ ба меҳру муҳаббати зиёд доштани ӯ ва модараш нисбати ҳамдигар ҳикоятҳои зиёде мавҷуданд. Масалан, «Гуфт: Он кор, ки онро бозпасини корҳо медонистам, пешини ҳама буд ва он ризои модар буд» ва «Гуфт: Ҷумлаи он чӣ дар риёзат ва муҷоҳадот ва ғурбат меҷустам, дар он ёфтам, ки як шаб модар аз ман об хост, рафтам то об орам, дар кӯза об набуд ва дар сабӯ эҳтиётӣ кардам, об набуд. Ба ҷӯй рафтам ва об овардам, модар хуфта буд ва шаб сард буд, кӯза дар даст медоштам, чун аз хоб баромад, огоҳ шуд, об хӯрд ва маро дуо кард ва ҳамчунон кӯза дар дасти ман фасурда шуд. Гуфт: Чаро аз даст наниҳодӣ? Гуфтам: Тарсидам, ки ту бедор шавӣ ва ман ҳозир набошам» ([6]).

Андешаҳои фалсафӣ

вироиш

Андешаҳои бебоконаи Боязиди Бастомӣ, ки дар таърихи афкори фалсафӣ ва иҷтимоӣ-ахлоқии халқҳои форсу тоҷик бо номи шатҳиёт маълуманд, тавассути муридон, пайравон ва дӯстонаш аз даҳон ба даҳон гузашта, баъдтар дар тазкираю китобҳо сабт гардидаанд.

Таълимот

вироиш

Боязиди Бастомӣ яке аз асосгузорони таълимоти «фано ва бақо» мебошад. Мувофиқи ақидаи ӯ, чун суфӣ аз хусусиёти шахсӣ, ирода, майлу рағбат, кайфу ишрат ва завқи дунявӣ барӣ гардида, тамоми фикру зикр ва хаёлу диққати худро ба ҷониби маҳдуд (Худо) равона кунад, саранҷом табиати рӯҳонӣ бар ҳайвонӣ, маънавӣ бар моддӣ ғолиб омада, солик гӯё табиати Худоӣ пайдо мекунад ва дар байни ӯ ва Худо фарқе намонда, ҳар ду ба ҳам як мешаванд. Ҳарчанд суханони шатҳомезро қабл аз Боязиди Бастомӣ дар алфози Робиаи Адавия, Иброҳими Адҳам ва дигарон низ пайдо кардан мумкин аст, ки дар ҳоли сукр ва ғояти ишқ баён мекарданд, вале бо боварии комил гуфтан мумкин, ки шатҳиёти Боязиди Бастомӣ шӯри хос ва хусусияти бебоконае доранд. Чун шатҳиёти Боязиди Бастомӣ дар ҳавсалаи аҳли зоҳири шариати ислом намеғунҷад, вайро ба куфру илҳод гунаҳкор карда, борҳо аз шаҳраш, яъне Бистом, берун карданд. Шатҳиёти Боязиди Бастомӣ дар «Тазкирату-л-авлиё» оварда шудаанд. Масалан: «Боязид гуфт: (ба дӯстонаш) агар ҳоли худ аз шумо пинҳон дорам, забони маломат дароз кунед ва агар макшуф дорам, шумо тоқати он наёред. Бо шумо чӣ бояд кард? Пас, чун бирафт ва Мадинаро зиёрат кард, дар хотираш бигузашт, ки ба хидмати модар равад. Бо ҷамъе рӯй ба Бистом ниҳод, хабар дар шаҳр афтод, аҳли Бистом то ба ду роҳ ба истиқбол берун омаданд… Чун наздики ӯ расиданд, шайх қурсе нон аз дукон бигирифт ва Рамазон буд ва хӯрдан гирифт. Чун он бидиданд, ҷумла аз ӯ гаштанд. Шайх асҳобро гуфт: Дидед, ки масъалае аз шариат кор бастам, ҳама халқ маро рад карданд». Ё ки: "Як бор азми ҳаҷ кард ва манзиле чанд бирафт ва бозомад. Гуфтанд: Ту ҳаргиз азми фасх накардаӣ, ин вақт чун афтод? Гуфт: Дар роҳ зангиеро дидам, теғе кашида, маро гуфт: Агар бозгардӣ нек, вагарна сарат аз тан ҷудо кунам. Пас, гуфт: «Худойро ба Бистом гузоштӣ ва рӯй ба Каъба овардӣ». Ё худ: «Марде пеши ӯ омад. Бипурсид, ки куҷо меравӣ? Гуфт: Ба ҳаҷ. Гуфт: Чӣ дорӣ? Гуфт: Дувист дирам. Гуфт: Ба ман деҳ, ки соҳибаёлам ва ҳафт бор гирди ман бозгард, ки ҳаҷҷи ту ин аст. Чунон кард ва ин мард боз гашт». Дар шатҳиёти Боязиди Бастомӣ сифат ва хусусиятҳои худоӣ ба инсон нисбат дода шудаанд. Вай мартабаи худро аз мартабаи пайғамбар болотар гузошта, дар ирфон ва олами рӯҳии ислом ҷунбиши азиме ба миён овард. Боязиди Бастомӣ ба ин васила дар шароити асримиёнагии феодалӣ мақоми инсонро баланд бардоштааст. Таълимоти суфиёнаи Боязиди Бастомӣ ба ташаккули афкори орифонаи намояндагони баъдинаи ин маслак чун Маҷдуддини Саноӣ, Фаридуддини Аттор, Ҷалолиддини Румӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва дигарон нақши муайяне гузоштааст.

Сарчашма

вироиш

Бастомӣ Боязид // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.