Шақиқи Балхӣ
Абуалӣ Шақиқ ибни Иброҳими Балхӣ (форсӣ: ابو علی شقیق بن ابراهیم بلخی; ? — 810, Хатлон) — донишманди ислом ва шайхи мутасаввифаи форс-тоҷик, аз бунёнгузорони тасаввуфи хуросонӣ ва соҳиби қадимитарин рисола дар тасаввуф.
Абуалӣ Шақиқ ибни Иброҳими Балхӣ | |
---|---|
форс. ابو علی شقیق بن ابراهیم بلخی | |
Иттилооти инфиродӣ | |
Ном ба ҳангоми таваллуд: | Абуалӣ Шақиқ ибни Иброҳими Балхӣ |
Касб, шуғл: | илоҳиётшинос |
Зодгоҳ: | Балх |
Таърихи даргузашт: | 810 |
Маҳалли даргузашт: | Хатлон |
Маҳалли дафн: | |
Эътиқод: | суннӣ |
Шогирдон: | Ҳотами Асам[1] |
Вироиши Викидода |
Зиндагинома
вироишАксари муҳаққиқони ватанию хориҷӣ таърихи зиндагиномаи ӯро асрҳои IX—X ба қалам додаанд. Аз сарчашмаҳо маълум аст, ки Шақиқ дар Балх дар оилаи сарватманде таваллуд шудааст. Перомуни давраи ҷавонии ин шахси маъруф ҳамин қадар маълум аст, ки ӯ ҷавони таълимдидаи зебоманзар буда, ба кори тиҷорат шуғл меварзидааст.
Таҳсили илм
вироишШақиқ мувофиқи одати замони худ барои идомаи таҳсил ба назди имомҳои машҳури замонаш рафта, Қуръону ҳадисро омӯхтааст. Аз рӯи навишти Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ дар «Нафоҳоту-л-унс» яке аз устодони Шақиқ имом Зуфарӣ машҳур буд. Ҳангоми талабу ҷустуҷӯи ҳадис Шақиқ борҳо бо Абуюсуф, ки баъдтар қозии шаҳри Бағдод таъйин шуд, дар назди Абуҳанифа сабақ омӯхтааст. Шақиқ шаҳрҳои дигари хилофат, аз он ҷумла Маккаю Мадинаро низ зиёрат кардааст.
Шогирдон
вироишШақиқ шогирдони зиёде дошт ва яке аз шогирди ӯ Ҳотам ибни Унвони Асами Балхӣ, зоҳиди машҳур буд, ки дар Вашгирд (Файзободи имрӯза) даргузаштааст. Шақиқ ба шогирдони худ эътимоду қаноат ва худотарсию парҳезкориро талқин мекард.
Тасаввуф
вироишШақиқ аз забонҳои арабӣ ва форсии тоҷикӣ хуб баҳраманд буд. Шайхулислом Сафиуддин мегӯяд, ки Шақиқ ба ҷуз он, ки суфию орифи бузург буд, боз ба тиҷорат низ машғул будааст. Сабаби асосии ба зӯҳду тақво гаровидани Шақиқ ин будааст, ки ҳангоми дар Туркистон (Чини Ғарбӣ) ба тиҷорат машғул буданаш, мардумеро мебинад, ки бо сару риши тарошида бутҳоро ибодат мекунанду аз онҳо зиндагии беҳ талаб мекунанд. Шақиқ дар ғазаб шуда, ба онҳо мегӯяд ки чаро шумо худои ягонаро неву сангҳоро мепарастед. Дар ҷавоб онҳо посух медиҳанд, ки мо аз ҳамин худоҳои худ ризқу рӯзӣ меёбем, вале ту чаро аз мулки худ барои ризқу рӯзӣ баромада, ба ин ҷо омадӣ, розиқи ту дар ватанат туро нигаҳбон нагашт. Ба гуфтаи муаллифи китоби «Хазинату-л-асфиё»-и Ғуломсарвар Соҳиби Лоҳурӣ, Шақиқ баъди шунидани ин калимот зоҳид гардид. Мегӯянд, ки Шақиқ авлиёи барҳақ буд. Дар илми ислом назир надошт. Ӯ дониши исломиро аз устодаш Абуҳанифа омӯхта аз ҳақиқат ба тариқат мерасад. Аз сарчашмаҳо маълум аст, ки дар мулки Араб олимону донишмандони аҳли ислом солҳои зиёд хостори дифои ин шайхи бузург буданд ва инак ба мақсадашон расиданд.
Таълимоти фалсафӣ
вироишМувофиқи таълимоти фалсафии Шайх Шақиқ инсони комил ҷиҳати қаробат ба офаридгор аз ҳаёти фано то ҳаёти бақо бояд аз тавба, сабр, шукр, хавф, риҷоъ, фақр, зуҳд, таваккал ва муҳаббат (ишқи Илоҳӣ доштан) истифода намояд. Ӯ зидди парастиши инсон ҳангоми ҳаёт ва ҳам мамот буда, фақат парастиши офаридгорро афзал медонист ва дар Афғонистону Покистон, Осиёи Марказию Арабистон муридону ҳаводорони зиёде дошт.
Марг
вироишШайх Шақиқ ҳангоми сафараш аз Хатлон ва Вашгирд дар соли 194-и ҳиҷрии қамарӣ баробар ба солҳои 809—810 — и мелодӣ аз дасти дастаҳои туркони Қарахонӣ ба шаҳодат расидааст. Дар бораи соли шаҳодати Шақиқ ва ҷои марқади ӯ баҳс зиёданд. Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар «Нафоҳоту-л-унс» навишааст, ки Шақиқ дар Хатлон ба шаҳодат расидааст ва қабри вай ҳамон ҷост.
Муҳаммади Дорошукӯҳ менависад: Шаҳодати Эшон Шақиқ дар соли 194 (ҳ. қ.) буда, қабри эшон дар Хатлон аст. Баъди овардани маълумоти фавқ дар бораи макони шаҳодат ва мазори Шайх Шақиқи Балхӣ, ки дар мавзеи Кулон, байни Вашгирду Хатлон будааст. Ва Кулони мазкур ҳамин Себистони имрӯзаи ноҳияи Данғара аст.
Поси хотир
вироишҲоло мақбараи Шақиқи Балхӣ дар гӯристони деҳаи Хоҷа Шақиқи Балхӣ дар Себистони ноҳияи Данғара зиёратгоҳи мардумон гашта, ба ҷои муқаддаси таърихӣ табдил ёфтааст. Мақбара дар садаи XV ба таври назарногир сохта шуда буд. Дар охири садаи XX пайравону мухлисонаш мақбараро ба тарзи одӣ тармим карданд[2].
Эзоҳ
вироиш- ↑ Бартольд В. Сочинения — Ҷ. 2. — С. 230. — ISBN 978-5-4585-3091-0
- ↑ Бозор Муродов. Орифи Хатлонзамин(тоҷ.). СССР - Мо метавонем! (20 июли 2017). 18 Январ 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 24 сентябри 2017.
Сарчашма
вироиш- Холназар КАСИРОВ. Орифони Хатлонзамин. «Ҷумҳурият». jumhuriyat.tj (14 марти 2015). 18 Январ 2018 санҷида шуд.