Боязид ибни Абдуллоҳи Ансорӣ (форсӣ: بايزيد انصاري‎; 1524, шаҳри Ҷоландҳар, Ҳиндустон — 1572, шаҳри Ҳаштнигар, Покистон) — тоҷир, ҷанговар, сӯфӣ, шоир ва нависандаи порсигӯ, муассиси таълимоти динӣ ва миллӣ дар миёни афғонҳо.

Боязид Ансорӣ
араб. пашту: بايزيد پير روښان
Иттилооти инфиродӣ
Касб, шуғл: шоир, сӯфӣ, бозаргон
Таърихи таваллуд: 1515 ё 1525
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1585
Маҳалли даргузашт:
Кишвар:
Эътиқод: ислом ва рӯшонӣ[d]

Фаъолияти динӣ
Самти фаъолият: илоҳиётшиносии исломӣ[d] ва савдо[d]
Осор:
Вироиши Викидода

Зиндагинома

вироиш

Дар тифлиаш хонаводаи онҳо аввал ба мулки Биҳор ва баъдан ба Вазиристон (воқеъ дар Покистони кунунӣ) ҳиҷрат кардааст. Аз соли 1546 Боязид Ансорӣ ҳамроҳи падараш ба тиҷорат шуғл варзида, дар яке аз сафарҳои тиҷоратӣ бо намояндаи мазҳаби исмоилия Сулаймон ошноӣ пайдо мекунад. Таъсири Сулаймон ба ташаккули ақидаҳои ӯ нақш гузоштааст. Боязид Ансорӣ ба омӯзиш ҷиддан шуғл варзида, ҳафт дараҷаи сайри сулукро мепаймояд ва савмаае сохта, нахуст ҳамсараш ва чанд тани дигарро ба чилланишинӣ водошт. Чун теъдоди муридонаш рӯ ба фузунӣ ниҳод, барои дар дигар минтақаҳо интишор додани таълимоташ муовинон баргузид.

Таълимот

вироиш

Ҷавҳари аслии таълимоти Боязид Ансорӣ чунин аст: маърифати ҳақ фарзи айн аст ва ин маърифат, ки бидуни он тоату ибодат ва хайру садақа мақбули Худованд нахоҳад шуд, ҷуз аз тариқи «пири комил» ҳосил намешавад. Ва ӯ аҳли шариат, тариқат, ҳақиқат, маърифат ва мазҳари ҳақоиқи илоҳӣ мебошад. Рӯҳаш дорои сифатҳои илоҳист. Итоат ба ӯ бар ҳамагон фарз аст. Итоати ӯ итоат аз паёмбар, Алӣ ва аз тариқи онҳо аз Худованд аст. Боязид Ансорӣ муршид аст ва онҳое, ки бо ихлос итоати ӯ кунанд, ба иршоди ӯ мадориҷи ҳафтгонаро то марҳалаи «тавҳид» хоҳанд паймуд. Таълимоти Боязид Ансорӣ ба мухолифати шадид дучор гардид. Аммо алорағми ин ӯ пас аз чанд соли тарғиб ва иршод дар миёни қавмҳои минтақаи худ ва қавмҳои синду балуҷ рафт ва Саидпури назди Ҳайдарободи Синдро маркази фаъолият қарор дод. Пайравони Боязид Ансорӣ новобаста ба мухолифати рӯҳониёни рақиб ба муваффақиятҳо ноил шуданд. Боязид Ансорӣ мубаллиғони худро назди ҳокимон, ашроф ва рӯҳониёни сарзаминҳои ҳамсоя фиристод ва онҳоро ба қабули таълимоташ даъват намуд. Мубаллиғони ӯ ба дарбори Акбаршоҳ ва назди шайхҳои бузурги замон аз қабили Мирзосулаймони Бадахшонӣ, Сайидалии Тирмизӣ ва дигарон фиристода шуданд.

Осори боқимонда

вироиш

Аз Боязид Ансорӣ «Хайру-л-баён» (доир ба ваҳдати вуҷуд) «Мақсуду-л-муъминин» (доир ба ваъз, насиҳат, ақл, имон, ризо, рӯҳ, нафс, дунё, охират, тавба ва мақомоти ҳафтгона шариат, тариқат, ҳақиқат, маърифат, васлат, ваҳдат, сукунат), «Сироту-т-тавҳид» (доир ба шарҳи ҳаёти худи ӯ ва васфи марҳалаҳои гуногуни иртиқои нафси инсонӣ), «Фахру-т-толибайн» (ба Мирзо Сулаймон — ҳокими Бадахшон бахшида шудааст), «Ҳолнома» (оид ба зиндагиномаи муаллиф) боқӣ мондаанд

Адабиёт

вироиш