Боғи Мирӣ
(Тағйири масир аз Боғимирӣ)
Боғи Мирӣ — деҳа дар ҷамоати деҳоти Дӯстмурод Алиеви ноҳияи Файзобод. Аз деҳа то маркази ноҳия 5,5 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 1085 нафар (2012), тоҷикон.
Боғи Мирӣ | |
---|---|
Кишвар | Тоҷикистон |
Вилоят | Ноҳияҳои тобеи марказ |
Ноҳия | Файзобод |
Ҷамоат | Деҳоти Дӯстмурод Алиев |
Аҳолӣ | 1081 нафар (2010), тоҷикон |
Хоҷагӣ | 155 |
Иқтисод
вироишДар деҳа мағозаи хусусии молҳои ниёзи мардум, чойхонаи ҷамъиятӣ, 3 дӯкони фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, пойгоҳи кишоварзӣ фаъолият доранд. Деҳа мактаб надорад; хонандагон дар мактаби деҳаи Файзобод таҳсил мекунад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: чорводорӣ ва ғаллакорӣ. Заминҳо аз дарёи Элок ва чашмаҳо обёрӣ мешаванд.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Боғи Мирӣ // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- ФАЙЗОБОД. Энсиклопедия. Душанбе, 2011. Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. 392 саҳ.