Деҳоти Дӯстмурод Алиев

Дӯстмурод Алиев (собиқ Файзобод) — ҷамоати деҳот дар ноҳияи Файзобод.

Деҳот
Деҳоти Дӯстмурод Алиев
Кишвар  [[|]]
Тобеъи Ноҳияи Файзобод
Шомили 12 деҳа, 1400 хоҷагӣ
Маркази маъмурӣ деҳаи Файзобод
Таърих ва ҷуғрофиё
Таърихи таъсис соли 1931
Вақти минтақавӣ UTC+05:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 11 287 нафар нафар (2010)
Миллият тоҷикон
Мазҳаб мусулмонон: суннӣ-ҳанафӣ
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Коди телефон +992 3135
Домени интернет tj
Коди мошинҳо TJ08
Деҳоти Дӯстмурод Алиев дар харита
 Парвандаҳо дар Викианбор

Таъсис

вироиш

Соли 1931 ташкил карда шудааст. Ба он деҳаҳои Файзобод, Ҷонварсӯз, Файзрез (Биникулӯта), Кабкрез, Боғи Мирӣ, Сурхдара, Қанғелӣ, Чуқурак, Навбаҳор (Қӯруғ), Кенҷаобод, Сайдонӣ, Кӯҳсор (Тиён) дохил мешаванд. Марказаш деҳаи Файзобод. Аз маркази ҷамоат то маркази ноҳия 5 км. Масоҳаташ 301,2 км2. Аҳолиаш 11 287 нафар (2010), тоҷикон. Аз 351 хоҷагӣ иборат аст. Дар ҳудуди ҷамоат 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 3 мактаби таҳсилоти асосӣ, 2 мактаби ибтидоӣ, 4 хоҷагии деҳқонии саҳҳомӣ, 136 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ, Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонӣ. Заводи хишт, 33 мағоза, 23 ҷувоз, 16 осиё, 7 бунгоҳи тиббӣ, клуб, 3 китобхона (якто дар деҳаи Кабкрез ва дуто дар деҳаи Файзобод) фаъолият доранд. Масоҳати умумии заминҳо 8218 гектар буда, аз он 925 гектар заминҳои корами лалмӣ, 611 гектар заминҳои корами обӣ, 136 гектар боғ, 5748 гектар чарогоҳ аст. Пешаи асосии мардум кишоварзӣ, боғу токдорӣ, чорводорӣ ва занбуриасалпарварӣ мебошад. Дар ҷамоат 4744 cap гов, 1417 cap гӯсфанд, 4144 cap буз, 116 cap асп, 4075 cap мурғ, 1232 оилаи занбӯри асал мавҷуд аст. Дар мактабҳои ҷамоат ба 2735 нафар хонандагон 157 нафар омӯзгорон таълиму тарбия медиҳанд. Аз фарзандони ҷамоъат Гулова Ашӯрбӣ, Хасанова Зулайхо, Толибова Майсара, Мирзоева Файзимо дар солҳои гуногун депутата Совети Олии ҶШС Тоҷикистон интихоб шудаанд.[1]

Пайвандҳо

вироиш
  1. ФАЙЗОБОД. Энсиклопедия. Душанбе, 2011. Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. 392 саҳ.