Боғи Мирӣ — деҳа дар ҷамоати деҳоти Дӯстмурод Алиеви ноҳияи Файзобод. Аз деҳа то маркази ноҳия 5,5 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 1085 нафар (2012), тоҷикон.

Боғи Мирӣ
Кишвар Тоҷикистон
Вилоят Ноҳияҳои тобеи марказ
Ноҳия Файзобод
Ҷамоат Деҳоти Дӯстмурод Алиев
Аҳолӣ 1081 нафар (2010), тоҷикон
Хоҷагӣ 155

Иқтисод вироиш

Дар деҳа мағозаи хусусии молҳои ниёзи мардум, чойхонаи ҷамъиятӣ, 3 дӯкони фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, пойгоҳи кишоварзӣ фаъолият доранд. Деҳа мактаб надорад; хонандагон дар мактаби деҳаи Файзобод таҳсил мекунад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: чорводорӣ ва ғаллакорӣ. Заминҳо аз дарёи Элок ва чашмаҳо обёрӣ мешаванд.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш

  • ФАЙЗОБОД. Энсиклопедия. Душанбе, 2011. Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. 392 саҳ.

Пайвандҳо вироиш